Аз паҳлавонон ӯро набуд ҷуфт

№85 (3722) 18.07.2017

ЛИФАЕВ-ТиллоДар ноҳияи Рӯшон даҳҳо нафар паҳлавон тарбия ёфта, ба шоҳроҳи беканори варзиш роҳ пеш гирифтаанд. Аввалин Устоди спорти СССР, аввалин Чемпиони СССР оид ба гӯштини тарзи самбо аз Осиёи Марказӣ, асосгузори гӯштини тарзи самбо дар Тоҷикистон Азалшоҳ Олимов, Устоди спорти СССР, Чемпиони 18 — каратаи РСС Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод ва миллӣ, иштирокчӣ ва барандаи медали тиллоии мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи озод дар Афғонистон (соли 1963)  Сангалӣ Наврӯзбеков, устодони спорти СССР ва Тоҷикистон  Асайнӣ Шоқаландаров, Қурғанқадам Саодатқадамов, Шанбе Навҷавонов, Писар Бекмамадов, Нодилёб Лифаев, Навбаҳор Боқиев, Худоёр Бахтиёров, Олимхон Руштенов, Назархудо Хушқадамов, Шодмон Қарчибеков, Хушқадам Давлатшоев, Девлох Шолиев, Бадахшон Зарифбеков, Сулаймон Пайшаев, Биномшо Тӯтишоев, Дарвеш Раҳматов, Ғарибшо Мавлододов, Олуча Сайдиев, Олам Рамазонов, Нурамон Фозилбеков,  Алифбек Ҳусейнов, Азалшоҳ Душанбиев ва дигарон аз он ҷумлаанд.

Нодилёб (наздиконаш ӯро бо навозиш Нодил мегуфтанд) аз хурдсолӣ ба гӯштин шавқи зиёд дошт. Зеро падараш Лифа ва тағояш Шириншоҳ паҳлавонҳои шинохтаи замонашон буданд ва анъанаи майдондориву паҳлавонӣ аз насл ба насл гузашт. Додараш Ҷаъфарӣ ҳам солҳои ҳафтодум дар майдон комёб буд.

Аз замонҳои пеш иди Наврӯзро дар маҳаллаи Тормачодаки деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ҷашн мегирифтанд. Аз навоҳии вилоят санъаткорону паҳлавонони номӣ дар наврӯзгоҳи Баррӯшон ҷамъ омада, зӯри бозу месанҷиданд. Нодили наврас бо ҳавас ба қувваозмоии паҳлавонон наззора мекард.

Ҳамин тавр, борҳо дар спартакиадаҳои мактаббачагони ноҳия ва вилоят дастболо шуда, худро чун паҳлавони ҷавону ояндадор муаррифӣ кард.

- Хизмат дар Армияи Советӣ маро хеле обутоб дод. Соли 1959, дар Спартакиадаи VIII РСС Тоҷикистон иштирок карда, дар вазни 68 кг Чемпиони РСС Тоҷикистон шудам. Он солҳо ба ғолибон танҳо диплом ва матоъ ё соат тақдим мекарданду халос. Медалсупорӣ баъд пайдо шуд.

Ин аввалин ғолибияти ман дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб мерафт, — нақл карда буд ӯ.

Бо паҳлавон Нодилёб Лифаев моҳи феврали соли 2002 дар хонааш суҳбат доштам. Диплому мукофотҳояшро наздам гузошт. Дар байнашон чанд шумораи рӯзномаҳои зардшуда низ буданд, ки диққатамро ҷалб кард.

«…Соли 1965 дар шаҳри Хоруғ ба муносибати 40-солагии ВАБК вохӯрии рафиқонаи спортсменҳо, аз ҷумла вохӯрии гӯштингирони республика, барпо гардид. Командаи яккачини гӯштингирони райони Рӯшон дар ин вохӯрӣ паҳлавонони дигарро мағлуб сохт.

Дар ин вохӯрӣ гӯштингирони номдори район рафиқон Писар Бекмамадов, Нодилёб Лифаев ва Хушқадам Давлатшоев бо медалҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ қадр шуданд». (Рӯзномаи «Овози дӯстӣ», 13 августи соли 1966, № 58 (877).

Аз мутолиаи бастаи рӯзномаҳои ноҳиявии «Овози дӯстӣ» ва вилоятии «Бадахшони советӣ» ба хулосае омадан мумкин аст, ки он солҳо унвони паҳлавониро дар вилоят асосан Нодилёб Лифаев, Сангалӣ Наврӯзбеков, Писар Бекмамадов, Худоёр Бахтиёров, Шанбе Навҷавонов, Хушқадам Давлатшоев, Афзал Хуҷаазизов, Бадахшон Зарифбеков, Шодмон Қарчибеков, Девлох Шолиев ва дигарон сазовор буданд.

Умуман, паҳлавонони ноҳияи Рӯшон дар аксар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дастболо буданд.

Албатта, дар ин комёбиҳо саҳми паҳлавони шинохта Нодилёб Лифаев низ хеле назаррас буд:

Бад- ӯ офарин кард бисёру гуфт,

Ки «аз паҳлавонон туро нест ҷуфт».

 

Комёбиҳои варзишии ин паҳлавони шинохта минбаъд бо чунин дастовардҳои варзишӣ мукаммал гардид: Дипломи дараҷаи I ва ҷои якум дар қувваозмоии шахсӣ –даставии ҶСДСС «Ҳосилот» аз рӯи «гӯштингирӣ», соли 1962;

Ҷойи якум дар Спартакиадаи IV Иттифоқҳои касабаи РСС Тоҷикистон аз рӯйи гӯштини миллӣ, соли 1965;

Ҷойи якум дар Спартакиадаи вилоятии Иттифоқҳои касабаи ВАБК дар гӯштини тоҷикӣ, соли 1965;

Ҷойи якум, медали тиллоӣ ва унвони Чемпиони РСС Тоҷикистон дар вазни 63 кг дар гӯштини миллӣ бахшида ба 40-солагии ташкилёбии ВАБК, соли 1965;

Ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи I, дар мусобиқаи инфиродӣ — даставии республикавӣ ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Неъмат Қарабоев дар вазни 63 кг, 7-10 июни соли 1966…

Ҳар гоҳе ки ӯ дар майдон гӯштин мегирифт, мухлисон аз қувваозмоияш ҳаловат мебурданд. Ҳарифонашро бо усули «сарисевҷӣ» ба тахтапушт мехобонд. Номбурда аз солҳои 50 то 70-и асри гузашта шаш маротиба Чемпиони РСС Тоҷикистон шуда, унвони Устоди спорти РСС Тоҷикистонро сазовор гардид.

Гузаштаро ба хотир оварда, номи паҳлавононе, ки дӯсту бародар шуданд, бо меҳру садоқат зикр мекард:

Амирсултон Наботов, Муриватшо Бачабеков, Исмоил Ҳайдаралиев аз шаҳри Душанбе, Саймаҳмуд Маҳмадрасулов, Саидмуъмин Раҳимов, Раҳмон Валиев аз минтақаи Кӯлоб, Амон Намозов аз собиқ ноҳияи Колхозобод, Абдуманон Зокиров аз Ҳисор, Миниқулов аз собиқ ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ), Олимов аз собиқ ноҳияи Куйбишев, Холов аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Ҳукуматшо Ғайратов ва Пайшанбе Тақиев аз ноҳияи Ванҷ ва дигарон.

Нодилёб нақл карда буд, ки дар яке аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар Боғи истироҳат ва маданияти ба номи Ленини шаҳри Душанбе (ҳоло Боғи Рӯдакӣ) ба ғолиб ҷома, матоъ ва соат тақдим карданд. Ба ман – квитансия доданд, ки туҳфа — соатамро аз мағозаи марказӣ (ЦУМ)-и қаблӣ (воқеъ дар гардиши маҳаллаи Водонасоснаяи пойтахт) гирам.

Чун донистам, ки соати дастӣ не, балки соати хонагӣ медиҳанд, зуд ба назди Азалшоҳ Олимов омада, гуфтам:

- Азалшоҳ, ман саросемаам, фардо ба Помир меравам. Ту соататро ба ман деҳ. Аз ЦУМ соати маро мегирӣ.

Азалшоҳ хурсанд шуда, соати он замон машҳури «Полёт»-ашро ба ман дод. Гумон дошт, ки соҳиби соати нави дастӣ мешавад. Чун ба вай соатро медиҳанд, ҳайрон шуда, мегӯяд:

- Ба ман бояд соати дастӣ диҳед.

- Не, дар коғази шумо соати хонагӣ «Будилник» навишта шудааст, — мегӯяд фурӯшанда.

- Оббо, Лифаев боз маро фиреб дода, соати дастиамро гирифт.

Соатро ба фурӯшандазан тақдим карда, мегӯяд:

- Ин соат ба шумо аз як шайтони рӯшонӣ бо исми Нодилёб Лифаев туҳфа.

Солҳои охири ҳаёт паҳлавон Лифаев дар вазифаи сардори бригадаҳои Индарбист, Хадорҷен, Қабал, Бичувчув ва Нурвуми совхози 50-солагии Октябр»-и ноҳияи Рӯшон кор кард. Ӯро ҳамеша аспсавор дар саҳро дидан мумкин буд.

Солҳои 1993-1994 дар вилоят камчинии сӯзишворӣ ба миён омад, ӯ ба аспаш ароба баста, дар хизмати ҳамдеҳагон буд. Тифлони ширхора бе шир ва равған намонанд гуфта, субҳи барвақт бо аспу аробааш ба масофаи 4-5 км ба фермаи Нурвум рафта, шир меовард.

Аз он солҳои вазнин зиёда аз бист сол гузашт. Имрӯз мардуми Тоҷикистон шукр аз даврони соҳибистиқлолӣ карда, зиндагии хушу хуррам доранд. Вале паҳлавони шинохта, сардори бригада Нодилёб Лифаев ва аспу аробаашро кайҳо боз дар роҳ ва саҳро намебинем. Ин марди майдон, ки пушташ заминро надида буд, 7 июли соли 2010 баъди бемории кӯтоҳмуддат аз дунё гузашт. Аммо анъанаи сулолаи Лифаевҳо давом дорад. Писараш ҳамноми бобо – Лифа аввалин шуда, бо роҳи падар рафт ва дар гӯштини миллӣ комёбиҳо ба даст овард. Писари дигараш Мирулло низ яке аз паҳлавонҳои шинохтаи вилоят ба ҳисоб мерафт.

Айни замон наберагонашро дар майдончаҳои хурди варзишӣ дида, умед ба он мебандем, ки номи машҳури Лифаевҳо боз дар майдонҳои паҳлавонии ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриамон садо хоҳад дод.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»