Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон шуд

№133 (3770) 14.11.2017

БехрузПаҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода  11-уми ноябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо (вазни 74 кило) сазовори медали тилло гардид. Ӯ  дар қувваозмоии ниҳоӣ  паҳлавони Беларус Степан Поповро мағлуб намуд. Паҳлавонони дигари тоҷик Набимуҳамад Хоркашов ва Акмалиддин Каримов бо медали нуқра сарфароз гаштанд. Дар маҷмӯъ, варзишгарони ҷумҳурӣ панҷ медал — як тилло, ду нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқа, ки дар Қасри «Айсберг»-и шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар сурат гирифт, шоми 12-уми ноябр ба поён расид. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг) ва Набимуҳаммад Хоркаш (+100 кг) дохил буданд. Дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро — Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) намояндагӣ карданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»