Беҳрӯз

№107 (3901) 01.09.2018

(Достон)

ХудамЧӣ разме, разми номуси ватандорӣ,

Ғурури  худшиносиҳову бедорӣ.

 

Миёни навҷавону гурди солоре.

Чӣ бархӯрдею пархошею пайкоре.

 

Дар он сабқат, ки Сочи мизбонаш буд,

Ялону паҳлавонон меҳмонаш буд.

 

Ҳарифи Беҳрӯз як гурди чолоке,

Таҳамтансурате, бераҳму бебоке.

 

Бидида борҳо майдону мардонро,

Ба пушт афканда зӯронрову гурдонро.

 

Чашида борҳо ӯ шаҳди пирӯзӣ,

Набудаш боварӣ, мебозад ӯ рӯзе.

 

Зи гурди бас ҷавону размнодида,

Далереву шуҷоъе, бо дилу гурда.

 

Гузашта мактаби  Садриддини Обид,

Замони наврасӣ бо ҷаҳду бо уммед.

 

Ҷавоне бе ягон собиқаи майдон,

Зафар бинмуд бар як шуҳраи даврон.

 

Дили Истепан –  он машҳури белорус,

Биларзид  пеши зӯру панҷаи Беҳрӯз.

 

Ҷаҳону Аврупоро қаҳрамон буд ӯ,

Чу Руслан номдоре дар ҷаҳон буд ӯ.

 

Гумонаш ин ки Беҳрӯзи ҷавон хом аст,

Ҷавони хом дар майдон ноком аст.

 

Ҷавон асту надида сабқати бисёр,

Варо мағлуб хоҳад сохт дар як бор.

 

Вале вақте ҳарифашро таҳамтан дид,

Варо маҳкам чу фӯлоду чу оҳан дид.

 

Пасон ҷӯё бишуд ӯ ҳиллаю найранг,

Ки бо найранг созад ҳоли ӯро танг.

 

Муваффақ гашт то ҷое, вале Беҳрӯз,

Таҳаммул кард он дарди басо ҷонсӯз.

 

Ба ёд овард меҳанрову миллатро,

Ба пирӯзӣ расонд он рӯз сабқатро.

 

                                   ***

Ният гар пок бошад, ҳеҷ боке нест,

Зи зиштӣ дида кори дардноке нест.

 

Ба мақсад мерасад инсони соҳибдил

Миёни роҳ монад лек ноқобил.

 

Чу бинем, чоплусе давр меронад,

Навишта  номи худро гарчӣ натвонад.

 

Ва ё инею он бо корсозиҳо,

Фасоду фитнаю воситабозиҳо.

 

Зи худ алломаи даврон месозанд,

Ба молу мансаби дурӯза менозанд.

 

Нашояд  з – ин ҳама  маъюс гардидан,

Дар оҳу ҳасрату афсӯс гардидан.

 

Ки ҳар кӣ ҷойгоҳи хеш дарёбад,

Биёбад нек неку бад биёбад бад.

 

На аз ҳар модаре ояд ба дунё гурд,

Намегардад насиби ҳар касе ҳам бурд.

 

Зи баъди чилу ду сол интизориҳо,

Сукуту бохтҳову бебарориҳо.

 

Зи баъди қаҳрамониҳои Саймуъмин,

Ҷаҳонро паҳлавон гардид дар гӯштин.

 

Ливои Тоҷикистон карда боло  ӯ,

Зи тоҷик дода пайғоме ба дунё  ӯ.

 

Зи нав тоҷикро машҳур бинмуд ӯ,

Дили моро басо масрур бинмуд ӯ.

 

Гумону шубҳаҳоро бартараф бинмуд,

Ва муште сӯи ҳар як нохалаф бинмуд.

 

Ва собит сохт тоҷик нест беғайрат,

Ҷаҳонро оварад ӯ низ бар ҳайрат.

 

Ба ҷо бишнонад ӯ ҳар марди зӯреро,

Бубандад дасту пои пурғуруреро.

 

Муқаддас чор унсурро ҳамехонад,

Худоро яккаву бемисл медонад.

 

Замини покро бо чарсу героин,

Наолояд, насозад обро чиркин.

 

Зи оташ поктар чизе намебинад,

Зи меҳтар ҳеҷ гаҳ боло намешинад.

 

Ба пирону малулону зану тифлон,

Бувад дар эҳтирому шафқату эҳсон.

 

На, тоҷик нестӣ муздуру  хизматгор,

На дузду раҳзану не қотили хунхор.

 

На ҳаққе хӯрда, моле ғасб бинмуда,

На хуни бегуноҳе рехт беҳуда.

 

На ғайри тоҷикеро карда ӯ маҷбур,

Зи миллат в – аз табори хеш гардад дур.

 

На даъво бар бузургони дигар дорад,

На даъвои ҷаҳонгирӣ ба сар дорад.

 

Бузургони зиёде дода дунёро,

Ки тасхир карда, то авҷи Сурайёро.

 

Табиб асту муҳандис асту омӯзгор,

Муваффақ дар ҳама касбею ҳар як кор.

 

Заминро ҳамчу ҷонаш дӯст медорад,

Дар он рӯзию ризқи хеш  мекорад.

 

Гирифта хокро зар мекунад тоҷик,

Гиёҳу мушку анбар мекунад тоҷик.

 

Суханро то фалак парвозҳо дода,

Мисоли дилбарон пардозҳо дода.

 

На танҳо паҳлавони зеби майдонҳост,

Таҳамтан, гармрӯ, бо қомати зебост.

 

Диле дорад, ки дунёро биғунҷонад,

Биранҷад худ, касеро гар биранҷонад.

 

На муште бар сари афтода бардорад,

Ба даст орад дилу аммо наозорад.

 

Ба дасти хайр, балки миллате бошад,

Гуҳар бар рӯи роҳи дӯст мепошад.

 

Атое аз Худо меҳмонро донад,

Дилу ҷон рӯи хони хеш мемонад.

 

Валекин дар зарурат шер мегардад,

Қалам дар дасти ӯ шамшер мегардад.

 

Барои нангу номусу ватандорӣ,

Занад худро ба майдон бе  гапу коре.

 

Дили кӯҳро шикофта роҳ бикшояд,

Ба илму маърифат дунё биорояд.

 

Ҳасудонаш, вале  бисёр — бисёранд,

Гадоҳое, ки як умре тамаъ доранд…

                          ***

Чу «Гӯруғлӣ» ку беҳин қиссаю дастон,

Диёри гурдхези Чамбули мастон.

 

Аваз бо ҷумла ёрону диловарҳо,

Кашида аз наём шамшери боварҳо.

 

Ватанро хонда пайванде ба ҷони хеш,

Умеди зиндагӣ, ҷону ҷаҳони хеш.

 

Барои ҳифзи меҳан, модару хоҳар,

Барои тифлакони шӯху бозингар.

 

Сипар карда ҳаёти хешро онон,

Набинад то газанде чеҳраи ҷонон.

 

Ба ҷонбиспориҳову қаҳрамониҳо,

Намуда фатҳ онон ҷовидониҳо.

 

Аз онҳо душманонро ҳай ҳаросе буд,

Зи онон душманонро кай халосӣ буд?

 

Ба атрофу ба акноф  номвар гашта,

Раиятро ба монанди сипар гашта.

 

Гаҳе «Шаҳнома» — ро бар ёд меорем,

Сухан аз доду аз бедод меорем.

 

Аз он Рустам, ки Эронро сипар будӣ,

Сипаҳсолори беҳад номвар будӣ.

 

Ба майдон душманонаш нотавон мешуд,

Гаҳе ғурранда чун шери жаён мешуд.

 

Ба мисли кӯҳи нанге буд  побарҷо,

Аз ӯ номоварон тарсон дар ҳар ҷо.

 

Чу мағлубнопазирияш аён гардид

Ки душман бо ҳиял андар ниҳон гардид.

 

Падарро бо писар дар ҷанг оварданд,

Ҷаҳон аз баҳри онон танг оварданд.

 

Зи Рустам пора Сӯҳробро ҷигар гардид.

Дареғо, кушта аз дасти падар гардид,

 

Даме фаҳмид, фурсат рафта буд аз даст,

Чу буд ин саҳна ҳам як саҳнаи барқасд.

 

Ба тире ду нишон зад душмани маккор,

Дар оғӯши Таҳамтан бачааш хуншор.

 

Падар аз доғи фарзанд зор хоҳад мурд,

На як боре, ҳазорон бор хоҳад мурд.

 

Зи баъди ин Сиёвуш низ шуд кушта,

Ба хуни хештан гардида оғӯшта.

 

Ба Рустам зистан маънӣ дигар кай дошт,

Ки дасту дил аз ин дунёи дун бардошт,

 

Ҳамон Чамбулу Эрон Тоҷикистон аст,

Диёри гурдҳои сарбадорон аст.

 

Ки рӯида зи Суғду Рашту Хатлонаш,

Зи Вахшу аз Зарафшону Бадахшонаш.

 

Басо гурдони меҳанро садоқатманд,

Ки гашта ҳар яке мардони ибратманд.

 

Чу Эраҷ, Шераку чун Рустами Дастон,

Ки карда мулки моро мулки мардистон.

 

Чу Шаҳболу чу Восею чу Саймуъмин,

Ва ҳам Зебуннисо, Беҳрӯзи некоин.

 

Ва гурдоне, ки андар ҷанг бо Олмон,

Барои ҳифзи меҳан гаштаанд қурбон.

 

                                 ***

Дареғо, ки ҳаводисҳои «Шаҳнома»,

Нигаҳ нокарда бар ҳушдори Аллома.

 

Зи нав дар кишвари мо коргар гардид,

Ва боис бар набарду  шӯру шар гардид.

 

Бародар бо бародар душманӣ варзид

Ба сар андешаи аҳриманӣ варзид.

 

Падар баҳри писар чун душмани ҷон шуд,

Қиёмат қоим андар Тоҷикистон шуд.

 

Басо куштанд  суҳробу сиёвушон,

Замини меҳани мо гашт хунафшон.

 

Басо саймуъмину беҳрӯзҳои мо,

Ба хок андар ҳама дилсӯзҳои мо…

 

Чуноне Сурия афтода бар ин ҳол,

Ироқу ҳам Яман гардида беиқбол.

 

Мусалмон бо мусалмон размҳо дорад,

Вале куффор суру базмҳо дорад.

 

Басо шукро, ки бо зудӣ раҳидем мо,

Ба тинҷию ба хушрӯзӣ расидем мо.

 

Ба ҷаҳди Пешво Эмомалӣ Раҳмон,

Ба фазли миллати бо илму бо  ирфон.

 

Ба лутфи Эзаде, ки офарид моро,

Зи мо Ӯ рафъ бинмуда балоҳоро.

                              ***

Аҷаб коре, ки аз як марзу аз як бум,

Барояд  шоҳинею ҳамчуноне бум.

 

Ҳамеша дар бари гул хор мерӯяд,

Ҳамеша аз паи озор мерӯяд.

 

Зи Варзобе, ки кони ҳусну зебоист,

Зи Варзобе, ки нотакрору рӯъёист.

 

Зи Варзобе, ҳавояш атрогин аст,

Зи Варзобе, ки обаш сарду ширин аст.

 

Зи Варзобе, ки гул дар санг мерӯяд,

Ба сад шаклу ба садҳо ранг мерӯяд.

 

Ба фарқ аз дашту аз чӯлу биёбонҳо,

Биҳишти нақд бошад баҳри инсонҳо.

 

Ду ному ду насаб вирди забон гардид,

Сабаб бар суҳбати пиру ҷавон гардид.

 

Яке сангар ДИИШ аз баҳри худ бинмуд,

Сироят қавми худ бо заҳри худ бинмуд.

 

Сари чандин табори хешро хӯрд ӯ,

Сафо аз хонадони хештан бурд ӯ.

 

Бувад он номурод бар Гулмурод машҳур,

Ки дар ифроту тафрит гашта ӯ маъмур.

 

Дигар варзобие, ки бо ҷавонмардӣ,

Ба миллат шодии бемисл овардӣ.

 

Хушо, Беҳрӯзи  мо он гурди номовар,

Чу Саймуъмин шуда машҳур аз дигар.

 

Яке бо қаҳрамонӣ номвар гашта,

Дигар ҳамчун шағоле дар ба дар гашта.

 

Якеро оламе таҳсин мехонад,

Дигарро оламе нафрин мехонад.

 

Яке аз баҳри миллат боғ гардида,

Дигар аз баҳри миллат доғ гардида.

 

Яке номи Ватан бар осмон бурда,

Яке чун хоине ё зинда ё мурда.

 

Ҳамин буд қиссаи Беҳрӯзи фатҳовар,

Шуҷоу бо ҳама маънӣ ватанпарвар.

25 июли соли 2018, шаҳри Душанбе

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»