Беҳрӯзи Хоҷазода – варзишгари беҳтарини соли 2017

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

image копияАссотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон  (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2017-ро эълон кард.  Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазода дар рӯйхат дар ҷои аввал қарор гирифт.

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (самбо) – ҷойи якум дар Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Сочии Россия, ҷойи якум дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷои якум дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқободи Туркманистон.

Комроншоҳи Устопириён (дзю-до) — дар Чемпионати Осиё оид ба дзю-до (вазни 90 кг)дар Гонконг бо медали тилло сарфароз гашт. Инчунин, дар Гран-прии Тошканд ҷойи якум, дар Гран — прии Анталия ҷойи дуюм ва дар Ҷоми кушодаи Аврупо дар Минск ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Дилшод Назаров (гурзандозӣ) — дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Ҳиндустон бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуд. Чемпиони олимпӣ имсол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAE Hammer Throw Challenqe» низ соҳиби ҷоиза гардид.

Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – ҷойи дуюм дар вазни 57 кг дар Сочи, ҷойи якум дар Чемпионати Осиё дар Тошканд, ҷойи якум дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод.

Темур РАҲИМОВ (дзю-до) – ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 100 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар Тошканд, ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё байни наврасон дар Бишкек, ҷойи дуюм дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон.

Сомон Маҳмадбеков (дзю-до) – ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар Хорватия, ҷойи якум дар Ҷоми Африқо байни наврасон дар Тунис, ҷойи якум дар Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Руминия.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЕВ (дзю-до) – ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар вазни 66 кг дар шаҳри Сантягои Чили.

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) — ҷойи дуюм дар Чемпионати Осиё дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар Чин.

Ҷаҳон ҚУРБОНОВ (бокс) – ҷойи сеюм дар Чемпионати Осиё дар вазни 91 кг дар Тошканд.

Миҷгона САМАДОВА (кикбоксинг) – ҷойи якум дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод дар навъи кик-лайт дар вазни 60 кг.

Т. Фаррухпай,

«Садои мардум»