Дастаи мунтахаби наврасон ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт

№114 (4064) 24.09.2019

tajikistan-afcu16-2020-3Дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-16) дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 бар тими миллии наврасони Урдун (5: 2) ғолиб омада, дар гурӯҳи «А» ҷойи аввалро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

 Зимни марҳилаи интихобии мусобиқа, ки аз 14 то 22 сентябр дар давлати Урдун баргузор шуд, дастаи наврасони мамлакат дар чаҳор бозӣ ғалаба карда, бо 12 имтиёз дар гурӯҳ мақоми якумро ишғол намуд.

Ба қисмати ниҳоии Чемпионати Осиё байни наврасон, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли 2020 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ — Тоҷикистон (гурӯҳи «А»), Ҳиндустон (гурӯҳи «B»), Эрон (гурӯҳи «C»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Қатар (гурӯҳи «E»), Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Австралия (гурӯҳи «H»), ҶХДК (гурӯҳи «I»), Ҷопон ( Гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К») роҳ ёфтанд.

Инчунин, барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 чор дастае, ки дар гурӯҳҳо бо нишондиҳандаҳои беҳтар ҷойҳои дувумро гирифтаанд — Яман (гурӯҳи «E»), Индонезия (гурӯҳи «G»), Ӯзбекистон (гурӯҳи «B») ва Уммон (гурӯҳи «D») соҳиби роҳхат шуданд.

Аз кишварҳое, ки аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошанд, се даста — Тоҷикис­тон, Эрон ва Ӯзбекистон тавонистанд ба қисми ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 — роҳ ёбанд.

Бояд қайд кард, ки дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ бори чаҳорум аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё иштирок мекунад. Қаблан солҳои 2006, 2010 ва 2018 ширкат варзида буд.

Комёбии беҳтарини даста ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё — 2018 дар Малайзия мебошад.

Ҷ. САБОҲИДДИН, «Садои мардум»