Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки осиёи миёна интихоб шуд

№46 (3996) 25.04.2019

dilshod-nazarov-zavoeval-pervuyu-za-god-medal_120 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар,  ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид. Дар он Доҳлан Ҳамади қатарӣ бори дигар президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб шуда, то соли 2023 ин ниҳоди қоравиро роҳбарӣ хоҳад кард.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин ноибони президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар масъулон интихоб гардиданд. Аз ҷумла, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд. Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро, инчунин раиси Комиссияи варзишгарон интихоб намуд.

Варзишгари  шинохтаи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 1992 ва Чемпиони ҷаҳон дар соли 1993 Андрей Абдувалиев ба ҳайси ноиби президент интихоб гардид.

Инчунин бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи «Беҳтарин гурзандози Осиё» тақдим карда шуд.

Ҷ. Сабоҳиддин, «Садои мардум»