Хуршед Мирзо: «Соли 2018 барои футболи тоҷик бобарор омад»

№156 (3950) 31.12.2018

khurshed-mirzoСоли 2018 барои футболи тоҷик чӣ гуна буд? Оид ба ин ва дигар паҳлуҳои он суҳбате доштем бо муовини якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо. 

- Соли 2018 барои футболи тоҷик соли хеле бобарор — соли пирӯзиҳои бузург буд, зеро дастаи мунтахаби наврасони 16 — солаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ комёб шуд, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё хуб баромад намуда, соҳиби мақоми дуюм ва муҳимтар аз ҳама, сазовори роҳхат ба қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 байни наврасон гардид.  Акнун дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар баробари 24 дастаи пурқувваттарини сайёра рақобат хоҳад кард. Ин чунин маъно дорад, ки дар ин мусобиқа наврасони тоҷик на танҳо шарафи футболи Тоҷикистон, балки қитъаи Осиёро ҳифз мекунанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 — солаи Тоҷикистон бошад, дар қатори панҷ дастаи беҳтарини Осиё ҷойгир шуд.  Дар шароити имрӯза, ки дунё бо суръа­ти кайҳонӣ пеш рафта истодааст, ноил гардидан ба ин муваффақият саҳлу осон набуд.

- Аз нигоҳи шумо футболи тоҷик айни замон дар кадом ҳолат қарор дорад?

DSC_0121- Ислоҳоте, ки тайи чанд соли охир таҳти роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо мақсади муосиркунонии он роҳандозӣ шуд, дар маҷмӯъ боис гардид, ки футболи тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид гардад.

Сохтори идоракунандаи футбол куллан тағйир ёфта, замонавӣ шуд. Бунёди нахустин майдонҳои футболбозии ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Лигаҳои зарурии футболи Тоҷикистон таъсис ёфт ва мактаби доварони ҷавон ба фаъолият шурӯъ намуд. Клубҳои футболи ватанӣ ба мусобиқаҳои аз лиҳози дараҷабандӣ болотари КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) роҳ ёфта,  натиҷаҳои намоёнро соҳиб шуданд. Дар муддати кӯтоҳ шуъбаву кумитаҳои зарурӣ таъсис ёфта, мураб­биёну мутахассисони кордон ба кор ҷалб шуданд.

Ба ин тартиб, айни замон Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Осиё яке аз пешқадамтарин федератсияҳои миллии дар ҳоли рушд қарордошта маҳсуб мешавад.

- Мехостем оид ба барномаи «Орзу-2026» ба хонандагон маълумот пешниҳод кунед. Ин чӣ гуна  барнома  аст ва ҳадафи он аз  чӣ иборат аст?

- Барномаи стратегии «Орзу — 2026» барномаи кории мушаххасест, ки онро Департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикис­тон таҳия ва Кумитаи иҷроияи он тасдиқ кардаст. Ҳадаф аз он беҳтар гардонидани сатҳи футбол, тарбияи бозингарони ҷавони болаёқат ва ахиран, роҳ ёфтани дастаи мунтахаби миллии кишвар ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2026 мебошад. Айни замон барнома таҳти назорати бевоситаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳила ба марҳила татбиқ шуда истодааст.

- Яъне, умеду имконият барои роҳ ёфтан дар Ҷоми ҷаҳон аст?

- Бале, имконият ҳаст, вале то кадом андоза ин ба мо муяссар мешавад, вақт нишон хоҳад дод. Шахсан бовар дорам, ки дар ин мусобиқа тими миллии Тоҷикистон иштирок мекунад. Мо барои ба ин ҳадаф расидан имконият, шароит ва аз ҳама муҳим, истеъдодҳоро дорем. Дар баробари ин, истеъдодҳои навро пайдо ва дуруст тарбия намудан лозим аст.

- Чӣ бояд кард, ки дастаи мунтахаб ба комёбиҳои назаррас ноил гардад?

- Барои таъсис додани дастаи пурқуввати футбол, аввал бояд корро аз тарбияи хурдсолон оғоз кард ва мо ин таҷрибаро имрӯз амалӣ карда истодаем. Фароҳам овардани шароити замонавӣ барои тарбияи футболбозони наврас, ба низоми муайян даровардани рафти баргузории мусобиқаҳо байни дастаҳо аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҷалби мутахассисону коршиносони касбӣ низ дар ин самт яке аз омилҳои асосии ба даст овардани муваффақият мебошад. Аз ин ҷост, ки барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани тамрини дастпарварони Академияи футболи ФФТ аз хориҷи кишвар мутахассисони соҳибтаҷриба даъват шудаанд.

Бояд гуфт, ки то қабули Барномаи «Орзу — 2026» дар ҷумҳурӣ лигаи футболи кӯдакону наврасон амал намекард. Ҳоло бошад, ин лига кори худро бонизом пеш бурда истодааст. Соли дуюм аст, ки лига чемпионати Тоҷикистонро дар байни наврасон дар се синну сол доир менамояд. Аксари бозингарони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бачаҳое мебошанд, ки мактаби футболи лигаи мазкурро гузаштаанд.

Инчунин, баъди ба истифода додани майдонҳои замонавӣ Конфедератсияи футболи Осиё ҷиҳати дар Тоҷикистон баргузор гардонидани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тасмим гирифт ва ҳар сол дар Ватани мо чандин сабқат доир мегардад, ки дар онҳо шумораи зиёди футболбозон иштирок мекунанд. Меҳмонон дар баробари иштирок дар ин мусобиқаҳо бо фарҳанги ғанӣ ва бойи миллати шарафманди тоҷик шинос шуда, бо таассуроти нек ба ватан бармегарданд. Ба ибораи дигар, футбол як воситаи муҳими ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани миллат мебошад.

- Фаъолияти федератсияҳои минтақавӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Фаъол гардонидани кори федератсияҳои минтақавӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро бе сохторҳои зертобеъ корро дуруст ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Дар айни ҳол, федератсияҳои футболи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти замонавии зарурӣ таъмин шудаанд. Бо супориши президенти Федератсия, Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун таъсис дода шуд, ки айни замон хеле хуб фаъолият намуда истодаанд. Маҳз бо фаъол гардонидани кори сохторҳои идоракунандаи футбол дар маҳалҳо Федератсияи футболи Тоҷикистон ба оммавӣ гардонидани ин намуди зебои варзиш муваффақ гашт. Қобили қайд аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти федератсияҳои минтақавӣ мувофиқи дурнамои рушди футболи миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

- Барои баланд бардоштани дараҷаи касбии мураббиёни футбол чӣ чораҳо андешида мешавад?

- Баланд бардоштани дараҷаи касбии мураббиёну мутахассисони футбол низ дар мадди назар қарор дорад. Қариб ҳар сол дар дохил ва хориҷи кишвар курсу семинарҳои байналмилалӣ ташкил мешаванд. Ин машғулиятҳоро дастурдиҳандагони соҳибтаҷриба аз ФИФА ва КФО роҳбарӣ мекунанд. Мутахассисони соҳа дар барномаҳои омӯзишӣ ширкат варзида, дараҷаи тахассусии худро такмил мебахшанд. Мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо шароит муҳайё намоем, то аз  донишҳои андӯхта аъзои дастаҳои футболи касбӣ ва кӯдакону наврасон истифода баранд.

- Таманниёти шумо барои футболбозони кишвар ва  мухлисони онҳо дар соли нав?

- Орзу дорам, ки дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу суботу оромиву нишот ҳукмрон бошад. Дастаҳои дӯстдоштаашон ҳамеша ғалаба кунанд ва футболи тоҷик қуллаҳои баландтарро соҳиб гардад.

Мусоҳиб Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»