Искандар Хоҷаев: «Пирӯзии футболбозони наврас мужда аз ояндаи дурахшони футболи тоҷик аст»

№140 (3934) 20.11.2018

IMGШоме, ки бозии финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол миёни наврасони то 16-сола байни дастаҳои наврасони Тоҷикистон ва Япония дар Малайзия баргузор гашт, ману рафиқам дар шаҳри Кӯлоб қарор доштем. Рафиқи падарам-амаки Искандар, ки аз омадани мо хабардор буд, моро ба хонааш даъват кард. Аз он ки мехостем бозии финалии нав­расони тоҷикро тамошо кунем, даъвати эшонро пазируфтем.

Ҳангоми тамошои футбол бароямон аҷиб намуд, ки амаки Искандар ба монанди мутахассис бозиро шарҳ дода, бо ҳаяҷони зиёд мухлисӣ мекард. Маълум гардид, ки Искандар Хоҷаев собиқ бозингари дастаи футболи хоҷагии «Шаталов»-и ноҳияи Кӯлоб буданд.

- 73-солаам, аксари ҳаммаслаконам аз олам даргузаштанд. Бемуболиға онҳо ҳастиашонро ба футбол бахшида буданд, — бо шавқ ба нақл оғоз кард амаки Искандар. — Колхози моро он замон маҳз дастаи футбол овозадор карда буд. Дар соҳили дарё майдони хеле калон, дар масоҳати15 га вуҷуд дошт, ки чарогоҳи хоҷагӣ буд. Чорабиниҳо, ба монанди иди Наврӯз ва бузкаширо дар он ҷо мегузарониданд. Аз соли 1955 наврасону ҷавонон дар ин майдон футболбозӣ мекунанд. Қариб ҳамаи писарбачаҳои деҳаи Чорбоғ ба футбол шавқ пайдо карда буданд. ҳамин тариқ, як дастаи хубро таъсис додем.

Мусобиқаи аввалин бо бозингарони кӯчаи ба номи Гагарини шаҳри Кӯлоб буд, ки дар майдони мо гузашт. Онҳоро бо ҳисоби 3-2 мағлуб кардем. Сипас, бозингарони кӯчаи Рӯдакӣ ва Советскийро мағлуб намудему овозаи дастаи мо дар тамоми минтақаи Кӯлоб паҳн шуд. Кӯшишҳо самар доданду ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва ноҳиявӣ барои ҷоми «Хӯшаи тиллоӣ» роҳ ёфтем ва дастаи мо ғолиби ин мусобиқа гардид.

Ин ғалабаҳо моро рӯҳбаланд намуд ва мо барои муваффақияти бештар ба даст овардан ҷидду ҷаҳд мекардем.Ҷавонони фаъол аз кӯчаҳои Гагарин ва Рӯдакӣ – Алам Эмомов, Сайфулло, Саъдулло Олимов, Саид Наботов, Музаффар, Батур Гулов ба даста пайвастанд. Раиси колхоз Сафаралӣ Зарифов, ки ба дастаи мо таваҷҷуҳ дошт, дар колхоз вазифаи мураббии (инструктори) варзишро таъсис дод. Вазифаро ба Мӯсо Аюбов аз маҳаллаи Лағмон бовар карданд. Дере нагузашта, мо соҳиби либоси варзишии махсус ва тӯби футбол шудем.

Дастаи мо бозингарони зиёди моҳир, ба монанди Ҷамшед Давлатов, Мурод Ҷабборов, Муҳаммад Ҷаб­боров, Искандар Хоҷаев, Мирзоалӣ Ҷабборов, Ҳасан Бобоев, Ҳасан Мирзоев, Ҷумъахон Муҳаммадов, Зокир Маҳмадов, Тағай Қуллабеков, Сафаралӣ Одинаев, Нусрат Ғаффоров, Карим Қодиров, Ҷамшед Бобоев, Бозор Қурбонов, Қудрат Холбеков ва Раҳмон Валиев (Раҳмон Набиев паҳлавони номдор ҳам буд) дошт, ки аз деҳаҳои Чорбоғ ва Шакархон буданд. Махсусан Ҷамшед Давлатов ва Мурод Ҷабборов истеъдоди фавқулодаи футболбозӣ доштанд.

- Хуб ба ёдам ҳаст,  — идома дод нақлашро бобои Искандар, — соли 1963 бори аввал ба ноҳияи Ҳисор сафар намудем. Дар бозии якум дастаи «Ҳисор»-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кардем. Бозии дуюмро бо дастаи «Ленинобод» бо ҳисоби 1:0 бохтем. Дар бозии сеюм бо дастаи ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 3:2 ғолиб омадем. Дар ин сабқатҳо аз ҷиҳати хол дастаи «Ҳисор» ғолиб дониста шуд ва барои сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳхат гирифт.

Азбаски ҳамаи мо — бозингарони даста қариб ҳамсол будем, соли 1964 ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Дар ин муддат нуфузи даста хеле поин рафт. Дар саҳифаи газетаи «Труд» хондам, ки дастаи овозадори колхози ба номи Шаталови ноҳияи Кӯлоб аз дастаи колхози ба номи Амиршоев бо ҳисоби 7:0 мағлуб гаштааст.

Баъди хизмати ҳарбӣ дастаро аз нав пурқувват кардем. Соли 1967 яке аз паҳлавонони машҳури ҷумҳурӣ Алӣ Хонов назди раиси колхоз рафта, масъалаи бунёди майдони варзишӣ барои бозии футболро ба миён гузошт. Раис пешниҳодро қабул намуда, барои дастаи мо варзишгоҳ бунёд намуд.

Ҳамин тавр, дубора дар сабқатҳои гуногун ба пирӯзӣ ноил гардидем. Ба даста бозингарони дастаи овозадори «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб – Эмом Қурбонов, Холбой Қурбонов, Андӣ Ҳасанов ва Ҳайдар Зоиров шомил шуданд. Бояд гуфт, ки Эмом Қурбонов дар рушди соҳаи футбол дар минтақаи Кӯлоб нақши бориз дорад. Ҳарчанд синнаш ба 80 мерасад, то кунун тамрини футболро тарк накардааст…

Амаки Искандар аз тамошои бозии наврасон хушҳолу болидарӯҳ буд. Боифтихор гуфт, ки то ба финал баромадани наврасони тоҷик худ қаҳрамонист. Мутмаин гардидааст, ки футболбозони тоҷик қудрати муаррифӣ кардани Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ доранд. Аз ҷониби дигар, онҳо аз ояндаи дурахшони футболи тоҷик мужда доданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»