Киҳо барандагони Ҷоми Президенти мамлакат гардиданд?

№106 (3900) 30.08.2018

DSC_189123 — 27 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои ба даст овардани «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар он теннисбозони нав­раси Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Покистон, ҷумҳуриҳои Бангладеш, Қазоқистон, Тоҷикис­тон, Ӯзбекистон, Украина ва Федератсияи Россия маҳорат нишон доданд.

Шоми 27 август дар Қас­ри тобистонаи тенниси шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон ва пӯшидашавии мусобиқаи байналмилалӣ баргузор шуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар назди иштирокчиён  баромад карда, ба теннисбозони ғолиб ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим кард.

Ҳамин тавр, дар бозиҳои инфиродӣ (танҳо) дар байни  писарон ҷойи якумро  Шодмон Қурбонов, ҷойи дуюмро Иссам Шарифов ва ҷойи сеюмро Аминҷон Абдуллоев, аз духтарон ҷойи якумро Анастасия Турсунова, ҷойи дуюмро Наргизахон Яҳёева ва ҷойи сеюмро Диана Иванихина ишғол намуданд.

Дар бозиҳои ҷуфт (дукаса) байни  писарон ҷойи якумро Хушбахт Каримов ва  Бахтиёр Исроилов, ҷойи дуюм­ро Шодмон Қурбонов ва Иссам Шарифов, ҷойи сеюмро Аминҷон Абдуллоев ва Мансур Мирзоев соҳиб шуданд.

Байни духтарон ҷойи аввал ба Анастасия Турсунова ва Полина Кристаллович (Ӯзбекистон), ҷойи дуюм ба Наргизахон Яҳёева ва Мария Никитюк (Украина) ва ҷойи сеюм ба Диана Иванихина ва Сумая Тухтаева муносиб дониста шуд.

Ташкилкунандагони мусобиқа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи Тоҷикис­тон ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум». Суратгир Н. АЛИЕВ