Майдончаи муосири футбол дар Хоруғ

№99 (3893) 16.08.2018

вапвапЧанде пеш дар маҳаллаи Хоруғи Боло маросими ба истифода додани майдончаи замонавӣ барои футболи хурд баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, муовини президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, президенти клуби футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода, варзишгарони хурдсол ва як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Бархоруғ иштирок намуданд.

Хуршед Мирзо ҷамъомадагонро бо оғози фаъолияти иншооти варзишӣ табрик намуда, таъсиси майдончаи футболи хурд дар шаҳри Хоруғро идомаи иқдомҳои бунёдкоронаи президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номид. Ӯ изҳори итминон намуд, ки ташаббуси мазкур ба амалӣ гардидани тадбирҳои саривақтии инкишофи футболи мамлакат, ҷалби ҳар чӣ бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва амалӣ гардидани орзуву умедҳои онҳо асоси воқеӣ мегузорад. Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар оянда боз се майдончаи муосири футболи хурд барои варзишгарони хурдсоли шаҳри Хоруғ сохта, ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои иқдомоти хайрхоҳона изҳори сипос намуд.

Дар идомаи чорабинӣ хотири ҷамъомадагонро ҳунармандони дастаи эҷодии «Эҳё» болида гардониданд. Ҳамчунин, футболбозони хурдсол таҳти роҳбарии мураббиёни ботаҷриба дар назди ҳозирин ба тамрин оғоз бахшиданд. Дар фарҷом ба футболбозони хурдсол аз номи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ тӯбҳои футбол тақдим карда шуданд.

 Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»