Майдончаи варзишӣ дар «Гули сурх»

№ 31.07.2017

мактабБо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Музуллоев дар деҳаи Боғи калони деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан майдончаи варзишӣ бунёд  ёфт.  Барои сохтмони варзишгоҳ беш аз 100 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Абдусаттор Қодирӣ, муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Истаравшан ҳоло 271 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. Сохта ба истифода додани толор ва майдончаҳои дигари варзишӣ  аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»