Мавзуна достон шуд

№27 (3012) 05.03.2013

мавзПорсол варзишгардухтари 19- солаи тоҷик Мавзуна Чориева дар ҷаҳон маъруф шуд. Вай дар Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпии Лондон-2012 ширкат варзида, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин дастоварди Мавзуна боиси сарбаландӣ ва хушҳолии ҳамватанон буд ва тамоми воситаҳои ахбори омма аз ин комёбӣ хабар доданд. Ҳамкори мо, шоири соҳибзавқ Мирзо Рустамзодаро низ талошу набардҳои ватандӯстонаи муштзандухтари тоҷик ба илҳом овард ва дар муддати кӯтоҳ достоне эҷод кард бо номи «Манзумаи Мавзуна». Инак, дар арафаи Рӯзи Модар ин достон ба шакли китобчаи алоҳида дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид.

Тавре дар пешгуфтори китоб зикр ёфтааст: «Китоби бо усули нигориши халқии достонҳои қаҳрамонӣ, бо истифода аз тасвири муборизаҳои озодихоҳонаи диловарони халқ дар афсонаву ривоятҳои мардумӣ алайҳи деву аждарҳои ифодакунандаи қувваҳои бадӣ ҳусни оғоз ёфта, онро ниҳоят хонданбобу диққатҷалбкунанда намудааст».

Вобаста ба мазмуну мундариҷаи китоб ва ҳадафҳои таълифи асар муаллиф суратҳои чеҳраҳои таърихию сиёсии миллати тоҷик, мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамони худро бо байтҳо мақсаднок ҷо ба ҷо кардааст.

«Манзумаи Мавзуна» дар асоси Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2012 бо сифати баланд ва ороишоти ҷолиби ранга ба нашр расидааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»