Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бразилия

№ 10.07.2018

Dilshod-NazarovҚаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, варзишгари маъруф Дилшод Назаров дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия оид ба варзиши сабук (гурзандозӣ) медали тилло ба даст овард.

Тавре  аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд ин мусобиқаи  8 июл дар шаҳри Браганша Паулиста баргузор шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 75,18 метр ҳаво дода, ҷойи аввалро сазовор шуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Молдова Сергей Маршиев ҷойи дуюм (74,51), варзишгари Беларус Павел Барейша (73,28) ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюм медали Дилшод Назаров дар мавсими имсола аст. Ӯ як моҳ қабл  (8 июн) дар мусобиқаи гурзандозӣ ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ (“Janusz Kusocinski Memorial”) дар шаҳри Чорзуви Лаҳистон медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»