Қаҳрамонӣ

Наҷот бар ивази ҷон

№97 (3734) 15.08.2017

Азимов Бахтовар Бахридинович (3)4 августи соли равон, дар вақти адои хизмат сарбози қаторӣ Бахтовар Азимов писарбачаи 10-сола — Меҳрубони  Ҷурахонро, ки ба об афтода буд, аз марг наҷот, вале мавҷҳои тезутунд ӯро ба қаъри дарё кашиданд…

Бахтовар Азимов зодаи шаҳри Кӯлоб, баҳори ҳамин сол ихтиёран адои хизмати ҳарбии ҳатмиро дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд ва дар байни ҳайати шахсии дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд»-и қисми сарҳадии «Ҳамадонӣ» эҳтироми зиёд дошт.

Фидокории ӯро ҳамчун намунаи матонату ҷасорат хизматчиёни имрӯзу оянда солҳо ёдоварӣ хоҳанд кард.

Муҳаммад Улуғхоҷаев,

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ