Ноҳияи Ҷаббор Расулов: маркази варзишии «Комроншоҳ» ба истифода дода шуд

№123 (3917) 11.10.2018

фарматНоҳияи Ҷаббор Расулов, ки 21-уми январи соли 1935 ташкил ёфта, дар замони шӯравӣ «Пролетар» ном дошт, ноҳияи наздисарҳадист. Бештари аҳолии онро ӯзбекон ташкил медиҳанд, ки зиёда аз 80 дарсад дар деҳот зиндагӣ доранд. Яъне, дар он, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ зебою ободу сарсабз гашт, намояндагони ду миллати ба ҳам дӯсту бародар-тоҷикону ӯзбекон паҳлу ба паҳлу кору зиндагӣ мекунанд.

Натиҷаи ёру бародарӣ, ҳамфикрию ҳамдастии мардум аст, ки ноҳия сол ба сол аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушд меёбад.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ноҳия як қатор иншооти гуногуни хизматрасонии замонавиро ­сохта, ба истифода супориданд. Маркази варзишии солимгардонии «Комроншоҳ», майдончаҳои варзишии ҳозиразамони «Бунёдкор», «Ланглиф», «Зарафшон», «Истиқлол-27» ва маҷмааи хизматрасонии маишӣ, ки иборат аз нуқтаҳои хизматрасонии компютерӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн аст, аз ҳамон зумраанд. Ҳамчунин, рӯзҳои наздик кӯдакис­тони хусусии ба номи «Нури Роғун», сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар маркази шаҳраки Меҳробод бо баландии 44 метр ва коргоҳи сехи қолинбофию дӯзандагии ба номи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар деҳоти «Ғӯлакандоз» ба истифода супорида мешаванд.

Дар маркази ноҳия қомат афрохтани бинои боҳашамати Қасри фарҳанги «Гулистон» ва хиёбони зебо бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ боиси шодию нишоти беандозаи мардум гардид.

Алҳол, дар натиҷаи фаъолияти босамари корхонаҳои истеҳсолии «Ғаллаи шимол», хиштбарорӣ ва коркарди пахта, иқтисодиёти ноҳия рӯ ба афзоиш аст.

Ҳамчунин, боиси қайд аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 дар ноҳия 13 километр роҳҳои автомобилгарди дохили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурра асфалтпӯш карда шуд.

Вале ин ҳама дастовард моро қонеъ карда наметавонанд. Ҳанӯз ҳам дар кору рӯзгори ҷомеа ва сокинон камбудиву мушкилот мавҷуд аст, ки ҳалли ҳар чӣ тезтари онҳо ногузир мебошад.

Қобили зикр аст, ки таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекис­тон ба шарофати иқдомҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҳама бештар сокинони ноҳияро хурсанду сарбаланд кард. Аз ин рӯ, на танҳо ба ҳазрати Ҷомиву мавлоно Навоӣ, балки ба Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев ҳам ҳайкал бояд гузошт. Зеро ин ду абармарди арсаи сиёсат шоистаи ҳама гуна қадрдонианд. Акнун вазифаи ҷонии роҳбарони ҳама сатҳ дар партави сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат барои фазои боз ҳам гарм­тари дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ, тавре ки дар даврони мавлоно Ҷомиву Алишери Навоӣ буд, фароҳам сохтан аст.

Ҳамакнун Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар робита ба иҷрои банди 4-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-майи соли 2018, таҳти №5 ва Протоколи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-майи соли 2018 дар доираи чорабиниҳо роҷеъ ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани кори зиёдро ба нақша гирифтааст.

Тибқи нақша — чорабиниҳо аз 9 июни соли 2018, иборат аз 135 банд таъмир ва азнавсозии 4 корхонаи истеҳсолӣ, 4 беморхона, бунёди 7 сехи дӯзандагӣ, 15 мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ, 5 боғчаи бачагона (кӯдакистон), 2 бунгоҳи тиббӣ, 4 хонаи саломатӣ ва нуқтаҳои тиббӣ, 4 варзишгоҳ ва толорҳои варзишӣ, 12 майдончаи варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, 11 сартарошхона, кошонаи ҳусн ва ҳаммом, сохт­мон ва таъмиру тармими 5 иншооти соҳаи фарҳанг, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳо, кашидани 2 хатти оби нӯшокӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.

То имрӯз аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон корҳои сохтмонӣ ва таъмир ба маблағи 5 млн. 368 ҳазору 680 сомонӣ ба анҷом расидааст. Дар натиҷа, 11 иншоот ба истифода ва 85 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Боқимонда корҳо дар солҳои 2019-2021 амалӣ хоҳанд гашт.

Комил САЛИМЗОДА, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов