Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

«Ҳоҷӣ – пиёда» ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов либоси миллии тоҷикӣ ҳадя кард

№132 (3926) 03.11.2018

ХОЧИ ПИЁДАfҶаҳонгарди тоҷик Абдулазиз Раҷабов, ки бо номи «Ҳоҷӣ- пиёда» машҳур аст, ба сайри Аврупо баромад. Ӯ, ки то ин дам зиёда аз 40000 километрро пиёда тай намудааст, мақсад дорад мамолики Аврупоро сайр кунад.

- Ҳадаф аз пиёда ҷаҳонгардӣ намудан расонидани паёми сулҳу дӯстӣ ба мардуми олам, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муаррифии табиати сарсабзу обу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон мебошад, — мегӯяд ӯ.

«Ҳоҷӣ- пиёда» то ин дам ба Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Гурҷис­тон, Туркия, Урдун, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Шри — Ланка, Исроил ва Хитой пиёда сафар намудааст. Дар борааш рӯзномаҳои кишварҳои зикршуда матолиб чоп кардаанд. Зимни ҳар як сафар кумитаҳои олимпии кишварҳо бо иштироки рӯзноманигорон нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд, ки Абдулазиз Раҷабов ба онҳо дар бораи табиати дилангез, обҳои зулолу маъданӣ, гиёҳҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Ба ибораи дигар, ин собиқадори варзиш, ки дар гузашта мураббии гӯштингирони ҷавон буд, иқтидори туристии Тоҷикистонро дар мамолики гуногун тарғиб менамояд. Бисёриҳо бо тааҷҷуб мепурсанд, ки чӣ тавр Абдул­азиз Раҷабов бо вуҷуди 70-сола будан ҷавону бардам менамояду рӯзе 50-60 километрро пиёда тай мекунад? Аксарият донистан мехоҳанд, ки ҷаҳонгарди тоҷик аз кадом доруҳо истифода мебарад.

- Дар сафар нӯшдоруи «Авитсенна» — ро, ки аз 26 намуд гиёҳ тайёр шуда, ихтирои дорусози ватанӣ Сайидвалӣ Ҳикматов мебошад, бо худ мегирам. Он хусусияти қувватбахшӣ ­дошта, оромкунандаи асаб, тас­киндиҳандаи дард, шифобахшандаи захм, камкунандаи қанд ва тозакунандаи гурда мебошад. Ба чанд нафар онро ҳадя намуда, аз таъсираш пурсидам. Онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Бовар дорам, ки ин ва дигар доруҳои аз гиёҳҳои Тоҷикистон тайёршуда дар ҷаҳон машҳур мегарданд, — мегӯяд Абдулазиз Раҷабов.

Чанде пеш ҷаҳонгарди тоҷик дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Россия меҳмони варзишгари номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов шуда, ба ӯ нӯшдоруи «Авитсенна» ва равғани сиёҳдонаи истеҳсоли ширкати зикр­шударо ҳадя намуд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»

Дар сурат Абдулазиз Раҷабов (аз рост) бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов