Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

№67 (3547) 24.05.2016

Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда истодаанд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мусобиқа комиссияи ноҳиявӣ ташкил шудааст, ки роҳбарии онро муовини якуми раиси ноҳия Рустам Акрамзода ба уҳда дорад.

Тавре Рустам Акрамзода иброз намуд, даври аввали мусобиқа миёни ду ҷамоати шаҳраку ҳашт ҷамоати деҳот ҷамъбаст гардид. Оилаву хонаҳои намунавӣ ва деҳоту маҳалҳои беҳтарин ба даври дуюми мусобиқа пешниҳод гардиданд.

Дар марҳилаи сеюм беҳтарин деҳоту маҳалла ва оилаву хонаи намунавӣ ва деҳаю маҳаллаи беҳтарин дар сатҳи ноҳия муайян шуданд. Натиҷаи ҷамъбасти сатҳи ноҳиявии мусобиқа муайян намуд, ки оилаи Маҳмадиевҳо (сардори оила Файзалӣ Маҳмадиев) ғолиби мусобиқаанд. Ин оила дар деҳаи Айнии деҳоти «Навобод» зиндагӣ мекунад. Баробари падар модари меҳрубон Мамлакат Сатторова низ дар таълиму тарбияи фарзандон саҳми назаррас дорад. Бобои Файзалӣ ва холаи Мамлакат имрӯз дар нафақаанду давлати пирӣ меронанд. Фарзандон баробари соҳиби маълумоти зарурӣ гардидану дар соҳаҳои мухталиф садоқатмандона меҳнат намудан худ оилаҳои намунавиро таъсис додаанду хушбахтона зиндагӣ доранд.

Ҳамчунин, дар даври ноҳиявии мусобиқа хонадони Азиз Исмоилов аз шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев хонаи беҳтарин, деҳаи Орҷоникидзеи деҳоти «Калинин» деҳаи беҳтарин дониста шуданд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»