Олимпиадаи зимистонаи Сочи-2014

Парчами Олимпиада барафрохта шуд

№14 (3160) 11.02.2014

Имрӯзҳо таваҷҷуҳи бештари  расонаҳои хабарии ҷаҳон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия нигаронида шудааст. Бозиҳои ХХII зимистонаи олимпии Сочи-2014, ки мухлисон ва варзишгарони тамоми мамлакатҳои дунё тӯли чор сол интизораш буданд, рӯзи 7 феврали  соли 2014 расман ифтитоҳ гардид. Машъали олимпиро варзишгарони маъруфи ҷаҳон, хоккейбози машҳур, Қаҳрамони чандинкаратаи ҷаҳон ва олимпӣ Вячеслав Третяк ва чемпиони чандинкаратаи олимпӣ дар намуди рақси рӯйи ях Ирина Роднина дар варзишгоҳи Фиштии шаҳри Сочи фурӯзон карда, ба ин чорабинии муҳими сол ҳусни оғоз бахшиданд. Маросими ифтитоҳ соати 2000 бо вақти Москва дар шаҳри Сочи бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ва барномаи театрикунонидашуда бо иштироки чандин ҳазор нафар ҷавонон, кормандони фарҳанг, театр ва мусиқашиносони машҳури рус баргузор гардид.

Дар ин чорабинии муҳими варзишии соли 2014 беш аз 45 ҳазор мухлисон, 12 ҳазор мутахассисони гуногуни соҳаи варзиш, 3500 нафар варзишгарон ва ғайра аз 100 кишвари ҷаҳон, ҳамчунин сарони 80 мамлакати дунё иштирок доштанд.

Боиси хурсандӣ ва ифтихори ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон аст, ки дар ин чорабинии бонуфуз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулони соҳаи варзиши кишвар иштирок доштанд. Воқеан ҳам варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардонидани халқу миллатҳо ва мамолики мухталифи сайёра мебошад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик имконият пайдо карданд, ки пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва  минтақавӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои варзишии худ боиси боло шудани Парчами Тоҷикистони азиз ва садо додани Суруди миллӣ дар кишварҳои гуногуни олам гарданд, ки ин воситаи беҳтарини муаррификунандаи давлату миллат мебошад.

Расми гузашти варзишгарон бо бардошта шудани парчами кишварҳояшон мувофиқи алифбо оғоз гардида, беш аз як соат идома ёфт ва намояндагони сад кишвари иштирокчӣ паси ҳам бо чапакзаниҳои бардавоми мухлисон вориди варзишгоҳи олимпии Фиштии Сочи гардиданд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ХХII зимистонаи олимпии Сочи-2014 парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол, лижарони маъруфи мамлакат Алишер Қудратов буд. Ҳамоиши мазкурро олимпичиёни Федератсияи Россия ҷамъбаст карданд.

Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014 то 23 феврали соли равон давом хоҳад кард. Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Қудратов рӯзи 22 феврал аз намуди лижаронӣ дар кӯҳсор ҳунарнамоӣ мекунад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки баъди аз байн рафтани Иттиҳоди шӯравӣ ин нахустин бозиҳои олимпӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.

Дар маросими фурӯзон кардани оташи олимпӣ Парчами Бозиҳои ХХII зимистонаи олимпии Сочи-2014 бо панҷ ҳалқаи гуногуни рамзии иттиҳоди варзишгарони ҷаҳон барафрохта шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»