Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи

№12 (3158) 05.02.2014

- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба  як қатор пешравиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ноил гардид. Махсусан соҳаи варзиши кишвар дар давоми 20 соли охир ба таври бесобиқа рушд намуд.  Пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳову сабқатҳои сатҳи байналмилалӣ худ гувоҳи онанд. Варзишгарони зиёде,  аз қабили Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Комроншоҳи Устопириён  чандин бор дар кишварҳои хориҷ зимни мусобиқаҳои байналмилалӣ  оид ба намудҳои гуногуни варзиш байрақи Тоҷикистонро миёни кишварҳои ҷаҳон баланд бардошта,  соҳаи варзиши ҷумҳуриро шуҳратманд гардониданд.

Таваҷҷуҳи хосаи Президент ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба соҳаи  варзиш боис  гардид, ки ин соҳа  рӯз то рӯз  рушд кунад. Соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи  Россия  Бозиҳои бисту дуюми зимистонаи олимпӣ баргузор мегардад, ки дар он аз бисёр кишварҳои ҷаҳон варзишгарони шинохта иштирок менамоянд.  Аз ҷумла аз кишвари мо низ варзишгарон дар он ширкат меварзанд.

- Дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз ду лижарони кӯҳӣ  Андрей Дригини 33-сола ва Алишер Қудратови 26-сола ба шаҳри Сочи барои иштирок дар Бозиҳои бисту дуюми зимистонаи олимпӣ рафтанд, — гуфт сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи  ҷавонон,  варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Набиева.

Вай ҳамзамон зикр намуд, ки барои А. Дригин ин аллакай чаҳорумин иштирок дар бозиҳои олимпӣ мебошад. Номбурда дар бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт Лейк сити, соли 2006 дар Турин ва соли 2010 дар Ванкувер иштирок намудааст. Нишондиҳандаи беҳтаринро  (ҷойи 44-ум) вай  дар Ванкувер соҳиб  гардида буд ва умед аст,  ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи мақомҳои баландтареро  соҳиб гардад.

Новобаста аз он  ки дар Тоҷикистон маркази  омодагиву тамрини лижаронии кӯҳӣ мавҷуд аст, варзишгар А. Дригин барои сайқал додани маҳорати варзишии худ омодагиҳои пеш аз олимпиро дар Красноярск ва Алишер Қудратов дар Ҷумҳурии Исломии Эрон гузарониданд.

Ҳайати варзишгарони тоҷикро котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва директори генералии Кумитаи миллии  олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев раҳбарӣ  мекунанд.

- Агар ҳар ду варзишгар ба бозиҳо роҳ ёбанд,  Қудратов дар мусобиқаи слалом-гигант ва А. Дригин дар мусобиқаҳои слалом ва супергигант сабқат менамоянд. То замони оғози расмии мусобиқаҳо онҳо зери роҳбарии тренерҳо Олег Провоторов ва Ибодулло Қурбонов  машқ хоҳанд кард.      Мусобиқаҳои намуди варзиши масофавии лижаронӣ дар маркази кӯҳии лижаронии «Роза Хутор» аз 9-ум то 13-уми феврали соли ҷорӣ баргузор мешаванд. Мусобиқаи супергигант байни мардҳо бошад,  16-уми феврал, слалом-  гигант 19-уми феврал ва слалом рӯзи 22-юми феврал баргузор мегарданд ва вақт барои мутобиқшавӣ ва омодагиҳо кофист,- гуфт дар охир  сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи  ҷавонон,  варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Набиева.

Шарофати БОБОҶОН, «Садои мардум»