Шоҳҷоиза – автомобили сабукрав

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

Бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «Спитамен»-и вазорати мазкур байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ ва корхонаю муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд сурат мегирад. Он зери шиори «Тоҷикистон – Ватани Наврӯз» доир гардида, то 10 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Барои ғолиби асосӣ шоҳҷоиза – автомобили сабукрави тамғаи «ВАЗ-21015» муқаррар шудааст. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Мирзомалик Муродов,

донишҷуйи курси панҷуми факултети журналистикаи ДМТ