Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамадонӣ. Авлавият ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

№100 (4840) 16.08.2024

4- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз 77 коргоҳу корхонаи саноатӣ 55 корхона фаъолият дошта, боқимонда корхона, бинобар мавсимӣ фаъолият карданашон, маҳсулот истеҳсол карда натавонистанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Нурулло Мирзозода.

Иттилоъ гирифтем, ки дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ду коргоҳи хурди саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 41 миллиону 660 ҳазор сомонӣ расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 77831,3 сомонӣ кам мебошад.

Раиси ноҳия зикр намуд, ки яке аз сабабҳои кам истеҳсол гардидани маҳсулоти саноатӣ ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набудани таҷҳизоти корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия аст. Аз он нигаронӣ шуд, ки 26 коргоҳи саноатӣ, ки ба қабул ва коркарди пахта машғул буданд, фаъолият накарданд.

Айни замон дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи умумии азхудшуда 33 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 16 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, дар давраи мавриди назар 75,7 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 тонна зиёд мебошад.

Маълум гардид, ки кишоварзони ноҳия дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 563 миллиону 240,2 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 миллиону 689,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»