Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якуми соли равон иттилоъ дод, ки нимсолаи якуми соли 2024 аз ноҳия 5031 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 276 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар қиёс ба соли 2023-юм 2 млн. 495 600 сомонӣ зиёд аст.
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру бунёди 222 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин дам 90 иншоот фаъолияти худро оғоз намудаанд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба норасоии кадрҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инфрасохтори деҳот, таъмиру таҷдиди роҳҳо, хизматрасонии тиббию санитарӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рушди саноат суолу дархост ва тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма ба сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба суолу дархостҳои пешниҳодгардида аз ҷониби раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.
С. НАЗАРОВ,
«Садои мардум»