Раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 255,7 млн. сомонӣ расид. Корхонаҳои саноатии ноҳия 60 намуд маҳсулот истеҳсол карда, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ноҳия ба маблағи 238 миллиону 515,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст.
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими ноҳия ба ҳисоб рафта, имсол дар 5010 гектар замин кишти пахта гузаронида шудааст, ки 100 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 892,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ноҳия аз 22072 гектар 62473 тонна ғалладонагӣ ба даст оварданд, ки ҳосилнокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9072 тонна зиёд аст. Дар ин давра аз ноҳия 700 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара корҳои ободонию созандагӣ босуръат идома дорад. Аз 222 иншооти банақшагирифташуда 78 иншоот ба истифода дода шуда, дар 144 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ бомаром пеш рафта истодаанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»