Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастовардҳои назарраси донишҷӯёни ДТҶТ

№100 (4840) 16.08.2024

8Муовини якуми ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саид­муъмин Раҳимов Шерафкан Ойаҳмадов дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ҳоло дар муассиса 4 доктор ва 27 номзади илм ба донишҷӯён дарс медиҳанд.

Илова бар ин, 147 омӯзгори кафедраҳои тахассусӣ Корманди шоистаи варзиш, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, 6 нафар қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ мебошанд.

Зикр гардид, ки айни ҳол 400 донишҷӯи донишкада аъзои фаъоли дастаҳои мунтахаб аз намудҳои гуногуни варзиш мебошанд.

Донишҷӯ Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Тайвани Ҷумҳурии Мардумии Чин аз намуди таэквандо дар вазни 67 кг маҳорати олӣ нишон дода, роҳхати Бозиҳои олимпии Париж — 2024-ро ба даст овард. Омӯзгори кафедраи якҳарба ва бокси донишкада Миҷгона Самадова дар Бозиҳои осиёии Ҳанҷжоу — 2022 медал ва аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Париж — 2024- ро соҳиб гардид.

Донишҷӯёни дигари донишкада Ф. Шоҳиддинов, Беҳрӯзи Хоҷазода, М. Халифаев, М. Мирзозода, З. Пилкевич, С. Латифов, Д. Убайдӣ ва дигарон низ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш соҳиби ҷоизаю медалҳо гардидаанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»