Аз нишастҳои матбуотӣ

Кӯлоб. Ифтитоҳи 203 иншооти ҷашнӣ

№100 (4840) 16.08.2024

9Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои ободонию созандагӣ босуръат идома доранд. Аз 494 иншооти банақшагирифташуда дар 203 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст, ки 41 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ гирифтем, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ ба маблағи 86,5 миллион сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2023-юм 4,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба маблағи 16,2 млн. евро татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» оғоз гардида, дар сурати пурра татбиқ шудани лоиҳа мушкили бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳалли худро меёбад.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 қисми даромади буҷети маҳаллӣ 105,7 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети шаҳр 74 миллиону 402 ҳазору 978 сомонӣ андоз ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4 миллиону 41 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаи буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздори музди меҳнат вуҷуд надорад.

Раиси шаҳр ёдовар шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025» 225 лоиҳаро ба маблағи 7,1 млрд. сомонӣ дар бар мегирад. То ин вақт 61 лоиҳа бо харҷи 461,8 миллион сомонӣ иҷро гардида, дар 54 лоиҳа корҳо идома доранд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳр 36 километр роҳҳоро таъмири ҷорӣ намуданд. Кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар зарфи шаш моҳи аввали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 364,8 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»