Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси хонаҳои савдои Тоҷикистон дар хориҷа

№100 (4840) 16.08.2024

10Директори Агентии содироти ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки таъсиси хонаҳои савдои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Эстония, дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад. Таъкид гардид, ки пас аз соҳибистиқлолии кишвар бори аввал чунин иқдом роҳандозӣ гардида, барои роҳ ёфтани содироти маҳсулоти мо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд.

Иттилоъ гириф­тем, ки аз ҷониби Агентии содирот тавассути КВД «Тоҷикагропромэкспорт» бо ширкатҳои қазоқис­тонии «Казтрейд» ва «Касум Групп», ширкатҳои Федератсияи Россия «Макси Фрут», «Гранд-Трейд», «Меридиан» ва ширкатҳои Беларус «Просторитейл» ва «Евроторг» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, 1446 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. Тибқи дархости шарикони тиҷоратӣ, ба нақша гирифта шудааст, ки 2000 тонна ангур, 400 тонна олуи сиёҳ, 300 тонна полезӣ ва 300 тонна хурмо ба Россия ва Беларус содирот шавад.

- Бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои табиӣ дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғу токзор, инчунин, минтақаҳои парвариши сабзавот ва кам кардани талафоти ҳосил Агентии содирот бо ширкати «Kreuzmayn Maschinenbau GmbH»-и Австрия барои ворид намудани корхонаҳои сайёри истеҳсолӣ корбарӣ дорад, — зикр кард номбурда.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»