Аз нишастҳои матбуотӣ

Норак. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1551000 сомонӣ афзуд

№100 (4840) 16.08.2024

11Дар нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 119 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 49,6 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 8 миллиону 15 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ 105,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 26,5 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 1 миллиону 429 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷет 100 фоиз ё 41,9 миллион сомонӣ иҷро гардид.

Қарзи андоз дар шаҳри Норак 1 миллиону 916 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 897,6 ҳазор сомонии он қарзи андози иҷтимоӣ аст.

Дар шаҳри Норак 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои обтаъминкунӣ, санитарию гигиенӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модару кӯдак ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо харҷи 172,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гаштааст.

Зикр шуд, ки дар шаҳри Норак 14 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, дар ин давра 11,1 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд.

- Корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар шаш моҳи аввали соли 2024 ба 889,5 миллион сомонӣ расониданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 551 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Ф. Шарифӣ.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»