Аз нишастҳои матбуотӣ

1425742 сомонӣ зиёд шудани маблағи алимент

№100 (4840) 16.08.2024

13Зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саид­вализода изҳор дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 кормандони хадамот 22 053 мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бино ба гуфти ӯ, иҷрои 16 339 ҳуҷҷат ба маблағи 58 миллиону 177 ҳазор сомонӣ, 611 ҳазору 797 доллари ИМА, 50 ҳазор евро ва 178 миллиону 162 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон таъмин гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Иттилоъ гирифтем, ки ба манфиати давлат 11 087 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, 20 миллиону 187 ҳазор сомонӣ ситонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 616 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

- Ба манфиати шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва ғайридавлатӣ 380 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 32 миллиону 592 ҳазор сомонӣ, 606 ҳазор доллари ИМА, 178 миллиону 162 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон ва 50 ҳазор евро рӯёнида шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023-юм 6 миллиону 993 ҳазор сомонӣ ва 538 ҳазор доллари ИМА зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони воқеӣ 121 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 4 миллиону 313 ҳазор сомонӣ ва 4 ҳазор доллар ситонида шудааст, — зикр кард номбурда.

Дар ин давра ба хадамот 5376 ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, 98693 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 21 миллиону 425 ҳазору 500 сомонӣ рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 425 ҳазору 742 сомонӣ зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»