Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷудошавии оилаҳо кам шудааст

№100 (4840) 16.08.2024

14Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон омори коҳиши сабти ақди никоҳ мушоҳида мешавад.

- Дар давраи мавриди назар шумораи талоқ нисбат ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Агар соли 2024-ум 4108 ҷуфт ҷудо шуда бошанд, пас соли 2023 ин рақам ба 5370 баробар буд, — гуфт Бунафша Файзиддинзода.

Дар ин давра дар самти кор бо занон ва оила 1879 суҳбату вохӯрӣ, 3689 чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ ва маърифатӣ — ахлоқӣ ва 10 122 суҳбати инфиродӣ доир шуданд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 30 ҳазору 434 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 2417 адад кам мебошад.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»