8 август - Рӯзи табибон

Нексиришт

№101 (4841) 19.08.2024

АЗИЗОВАъзам Азизов аз зумраи табибони собиқадор ва номдори тоҷик аст, ки баҳри рушди соҳаи тандурустӣ хизмати арзандаю сазовор кардааст. Агарчи имрӯз синнаш бо ҷое расидааст, ҳамоно дар ҳифзи сиҳатии мардум ва тарбияи шогирдони сазовор саҳмгузор мебошад.

Ин ҳақиқат чанде пеш, зимни ташриф ба маркази табобатии «Шифои Раҳмон» бори дигар бароямон собит шуд. Ҳангоми ворид шудан ба ин дармонгоҳи тозаю озода лавҳае бо акси Аъзам Азизов ва маълумот дар борааш диққати моро ба худ ҷалб намуд.

Ҳангоми суҳбат бо сарвари марказ — яке аз шогирдони болаёқати эшон Дилшод Мағзумов маълум гардид, ки устод дар ин ҷо машваратчии табибон маҳсуб меёбад.

- Аъзам Азизов бароямон азизу муътабар аст. Маҳз тавассути дастгирии ӯ ба ҷое расидам. Дар баробари маслиҳату машваратҳои доимӣ баъзан дар амалиёти ҷарроҳии мо ширкат менамоянд. Устод гули сари сабади маҳфилу маъракаҳо ва ҷамъомадҳоямон мебошад, — гуфт номбурда.

Воқеан ҳам, қаҳрамони матлаб шоиста зиндагӣ намуда, тӯли ҳаёт корҳои шоён ва хайру савоби зиёд анҷом додаанд. Хидматҳояш бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии ИҶШС» ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудаанд.

Фаъолияти илмӣ-амалии ин донишманди тоҷикро берун аз кишвар низ эътироф карда, бо мукофотҳои гуногун қадр намудаанд. Аз ҷумла, соли 2007 сазовори мукофоти олии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ — Медали тиллоии СУМЗ шуд. Ҳамчунин, ихтирооташ дар озмунҳои солҳои 2000-2008 баргузорнамудаи Маркази миллии патенту иттилооти (ММПИ) Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофотҳои ин марказ – «Нишони ММПИ» ва «Нишони фахрии ММПИ» гардиданд. Теъдоди умумии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, методӣ ва рисолаҳое, ки дар соҳаи тиб профессор А.  Азизов ба нашр расондаанд, беш аз 500 ададро ташкил медиҳанд. Китобҳои арзишманди устод «Ҷарроҳии батнии кӯдакон» (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Ташхис ва усулҳои ҷарроҳии уролитиази ихтилотноки кӯдакон», «Урологияи кӯдакон», «Луғати истилоҳоти ҷарроҳӣ», «Ҳолатҳои тағйирнопазир ва касалиҳои ҷароҳатталаб дар кӯдакон» таваҷҷуҳи бисёр муҳаққиқону табибон ва мутахассисони соҳаи тандурустиро ҷалб намудааст.

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамари ӯ мақолаҳои зиёд ва китобҳо иншо шудаанд. Аз ҷумла, яке аз рӯзноманигорони  шинохта, шодравон Муҳаммадҷон Мирзошоев соли 2001 китоби «Зинаҳои қуллаҳо»-ро ба табъ расонд. Муаллифи китоби дигар «Бозтоби офтоб» оид ба рӯзгори ибратбахш ва фаъолияти пурсамари профессор А. Азизов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов мебошад.

Таҳти роҳбарии ин табиби номдор ду нафар рисолаи докторӣ ва 20 шогирд рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Айни ҳол зери роҳбариаш ду нафар рисолаҳои докторию номзадӣ омода намуда истодаанд. А. Азизов устод ва мураббии ҳамаи урологҳои кӯдаконаи ҷумҳурӣ мебошад.

Онҳое, ки ӯро мешиносанд, иброз медоранд, ки сабаби ком­ёбию соҳибэҳтиромиаш, пеш аз ҳама, дар нексиришт будан ва дониши баланду таҷрибаи ғанӣ аст.

Зимни суҳбат Аъзам Азизов дар боби одаму одамгарӣ, маърифату фарҳанг ва касби пуршарафи табибӣ гуфтаҳои бузургони миллатро  иқтибос овард, ки бо он матлаби хешро анҷом мебахшем: «То битвонӣ, либоси нав бипӯш ва аз маркаб василаи нақлияи муносиб истифода бикун, атру хушбӯиро зиёд истифода намо. Саъй бикун ҳамеша либоси сафед бипӯшӣ».

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»