Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори иҷроияи он Рустам Ғаниев изҳор дошт, ки соли таҳсили 2023-2024 ҷиҳати ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна аз усули нав – роҳнамоии касбӣ истифода намудаанд. Дар натиҷа, хонандагони синфҳои болоӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, дар дарсҳои лексионӣ ва семинарии омӯзгорони баландихтисос ширкат варзиданд. Бо истифода аз усули мазкур хонандагон имкон пайдо намуданд, ки аз раванди таълим огоҳӣ пайдо кунанд.
Иттилоъ гирифтем, ки дар нимсолаи аввал 14 донишҷӯ аз филиал хориҷ шудаанд, ки сабаби хориҷшави онҳо қарздории академӣ, вайрон намудани қоидаю тартиботи дохилӣ ва бо хоҳиши худ интиқол ба дигар донишгоҳ мебошад. Дар асоси низомнома дар бораи тартиби фиристодани донишҷӯён (бакалаврҳо, магистрҳо, мутахассисон) ба таҳсилоти фарогир 93 донишҷӯ ба Донишгоҳи давлати Москва ба номи М. В. Ломоносов сафарбар гардиданд.
Аз он қаноатмандӣ шуд, ки донишҷӯёни филиал ин муддат дар чорабиниҳо ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»