Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ноҳияи Носири Хусрав беш аз 155 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки 81 гектари он боғи писта мебошад. Дар ин бора раиси ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки дар 81 гектар 54 ҳазор бех дарахти писта шинонида шуд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад. Зикр шуд, ки то соли 2025 боз дар 150 гектари дигар боғи писта бунёд хоҳад шуд.
Дар баробари бунёди боғи писта, инчунин, дар 20 гектар бодом, чор гектар зардолу, 0,50 гектар чормағз ва дар 50 гектар дарахти саксаул шинонида шудааст.
- Дар ноҳияи Носири Хусрав 18 ҳазору 64 гектар ҷангалзор мавҷуд буда, аз он 17 ҳазору 779 гектар чарогоҳ, 65 гектар боғҳои мевадиҳанда, 12 гектар замини корами обӣ мебошанд, — иброз дошт М. Шарифзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»