Аз нишастҳои матбуотӣ

Суғд. Шумораи нафақагирон афзуд

№101 (4841) 19.08.2024

8Дар ин бора зимни нишасти матбуотии раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сардори ин ниҳод Сулаймон Қосимзода иттилоъ дод.

Бино ба гуфти ӯ, теъдоди нафақахӯрон дар вилоят ба 254395 нафар расидааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта зиёд мебошад.

Нафақаи миёна 344,55 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 41 сомонӣ зиёд аст. Маълум гардид, ки шумораи нафақагирони имкониятҳояшон маҳдуд низ 5,7 фоиз афзуда, 49161 нафарро ташкил медиҳад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»