ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба маводи «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?» ва «Вазифаи хонагӣ»-и Президент ба роҳбарияти нави ШСХК «Барқи Тоҷик» ба маълумотатон мерасонад, ки ин проблемаҳо мудом дар мадди назари роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» қарор доранд. Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб- Шимол», «Лолазор- Хатлон», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», садҳо неругоҳҳои хурду миёна ва дигар иншооти муҳим дар кишвар ба ин мисол шуда метавонанд. Ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки дар оянда захираҳои обӣ- энергетикии кишвар ба манфиати мардуми кишвар бештар истифода шаванд.
Алҳол дар ШСХК «Барқи Тоҷик» бо мақсади иҷрои Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтор, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011 тасдиқ шудааст, тадбирҳо бобати таҷдиди сохтор роҳандозӣ шудаанд, ки ин омил, бешубҳа, ба рушди соҳа мусоидат хоҳад намуд.
Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»