Ҳамовозӣ ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Олимон бояд ифтихорманд ва арҷгузор бошанд

№101 (4841) 19.08.2024

ХУШВАХТЗОДАХонандагони азиз, тавре иттилоъ доред, 30 майи соли 2024 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид. Пешвои миллат зимни ин мулоқот натиҷаи мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳаи илму маорифи ҷумҳуриро таҳлилу баррасӣ намуда, дар баробари зикри дастоварду муваффақиятҳо аз вазъи ногувори фаъолияти баъзе муассисаву ниҳодҳои соҳа ва муносибати хунукназаронаи олимону маорифчиён, умуман, аҳли зиёи кишвар, нисбат ба ояндаи давлату миллат амиқан изҳори нигаронӣ намуданд. Вобаста ба суханронии Сарвари давлат дар мулоқоти мазкур бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода суҳбати пурмуҳтаво доштем, ки пешниҳоди шумо менамоем.

- Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба аҳли илм хоса ва доимӣ аст. Далели раднопазири ин гуфта дар солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёд нигоҳ доштан ва мунтазам дастгирӣ кардани муассисаҳои илмӣ ва Академияи миллии илмҳо мебошад. Ин дар ҳолест, ки аксар кишварҳои пасошуравӣ академияҳои худро барҳам ё ба ниҳодҳои ҷамъиятӣ табдил доданд

- Комилан ҳамфикрам. Аҳли илм бояд ифтихорманд ва арҷгузор бошанд, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2001 — 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гид­роэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, марказҳои илмии «Хатлон», «Синошиносӣ» дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Ҳамчунин, таъсиси марказҳои илмии кишоварзии «Помир», илмиву таҳқиқотии пиллапарварӣ, Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи даст­овардҳои ҳамин давра мебошанд.

Самараи дигари таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои мунтазами Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ будани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.

Дар посухи ин ғамхориву таваҷҷуҳ олимони мо бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, саҳмгузор бошанд.

- Дар мулоқот зикр шуд, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест

- Бале, ин эроди Пешвои миллат аз мо чораандешиҳои дахлдорро тақозо дорад. Воқеан ҳам, сарфи назар аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бозёфтҳо аз фанҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд.

Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил додани саҳми илми ватанӣ, ҳамон тавре Роҳбари мамлакат гуфтанд, умуман, қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намудану иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор додан минбаъд мадди назар хоҳад буд.

Ба ғайр аз ин, тадбирандешиҳои бетаъхир вобаста ба саволҳои зимни мулоқот матраҳнамудаи Сарвари давлат: «Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод?» ва «Мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад?» роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикис­тон хизмат намояд?», самти афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи олимони Академияи миллии илм­ҳо хоҳад буд.

- Аз хусуси тадбирандешиҳои бетаъхир ёдрас шудед, мехостем дар ин бора мушаххас маълумот дошта бошем…

- Яке аз падидаҳои манфию ташвиш­оваре, ки дар вохӯрӣ роҷеъ ба он ибрози назар шуд, сатҳи пасти равобити муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони ватанӣ мебошад. Яъне, то кунун роҳҳои татбиқи самараноки қонуни марбутаи давлатӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ мушаххас нагардидаанд.

Пешвои миллат дар мавриди фаъолияти Академияи миллии илмҳо ибрози назар карда, возеҳу равшан роҳҳои мушаххаси ислоҳи бисёр камбудиҳоро нишон доданд. Зарур дониста шуд, ки барои таъмини пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон, тарбия ва омода намудани кадрҳо дар заминаи аз худ намудани захираҳои зиёди табиӣ, пешбурди бахши энергетика, фанноварии иттилоотию иртиботӣ, металлургия, меъморӣ, биотехнология, генетика ва ғайра диққати ҷиддӣ дода шавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намудан ва тарбия кардани ҷавонони боистеъдодро яке аз шартҳои асосии равнақи илм арзёбӣ карда, моҳиятан эҳёи мактаби устоду шогирдро тавсия доданд. Мо дар ин росто бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои илмии академия тибқи дастури Пешвои муаззами миллат  кори ҳар олимро ба таври ҳатмӣ бо назардошти ду омил арзёбӣ менамоем: дастовардҳои мушаххаси илмӣ ва тарбияи шогирдон.

Минбаъд, зимни ислоҳоти сохтори Академияи миллии илм­ҳо сабабҳои иҷро нагардидани вазифаҳои пешбинишуда ошкор ва барои рафъи онҳо чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд. Аз тамоми василаю имконот ба таври васеъ ва пурсамар истифода хоҳем кард, то ҷавонони донишманду соҳибистеъдодро, хоса дар самти илмҳои табиатшиносию  дақиқ, сари вақт пайдо намуда, ба илм ҷалб намоем. Ин гуна истеъдодҳо сарвати бебаҳои кишвар буда, дастгирӣ ва сайқал додани  донишу малакаи онҳо боиси рушду тараққии Ватани азизамон мегардад.

Ба равобити пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо бо парк­ҳои технологӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои инноватсионӣ пас аз анҷоми ислоҳоти сохтори АМИТ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд. Тамоми чораҳо андешида мешаванд, то натиҷаҳои илмии олимон дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат мусоидат намоянд.

Бо дарки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар самти фаъолият ва сохтори АМИТ, ки аз суханронии Пешвои муаззами миллат бармеояд ва  бо истифода аз имконоти фаровоне, ки дар ихтиёр дорем, иқдомоти ҷиддиеро дар ин самт пиёда хоҳем кард, то заминаҳои илмии рушду нумӯи кишвари азизамонро таъмин намоем.

- Роҳбари мамлакат аз ҷумла гуфтанд, ки «мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад. Бетарафӣ, гоҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст». Ба андешаи Шумо чаро вокунишҳои равшанфикрон ба аъмоли нотавонбинон чандон чашм­рас нест?

- Мутаассифона, зиёиёне ҳастанд, ки «фаъолият»-ашон «як бому ду ҳаво»-ро шабеҳ аст. Онҳо мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот барояшон чандон арзиш надорад.

Мадди назар бояд дошта бошем, ки вазъи ҷаҳони имрӯза ноором аст. Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе аз давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва дигар ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу бум таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.

Дар чунин шароит зиёиёни асил, ки онҳоро Пешвои миллат «равшангарони воқеии ҳаёт» номидаанд, уҳдадоранд ба иҷрои вазифаҳояшон бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошанд.

Дар мулоқоти зикршуда таъкид гардид, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, маҳз, ҳамин гуна бетарафию хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандон ва зиёиёни асолатбохта буд.

53757070656_f9e4b8d039_o- Воқеан, дар замони муосир аҳли илм бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд…

- Рисолати дигари аҳли зиё, хоса олимон, посухи сазовор додан ба онҳоест, ки худро мухолифи сиёсӣ мепиндоранд. Бо вокунишҳои бетаъхиру аз далелу рақамҳо ғанӣ ба нотавонбинони миллату давлат, ки аз дастовардҳои мо ваҳшатзадаанд, посух бояд дод. Мо бояд ба тақдири халқу давлат ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистони маҳбуб бетараф набошем. Бетарафӣ, ҳамон тавре Сардори давлат таъкид карданд, нишонаи марг аст.

Илова бар ин, мо — зиёиён вазифадорем, ки ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти даст­ҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ҷиҳати пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ ҳамеша талош варзем. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз рисолати олимони ҷамъият­шинос аз он иборат аст, ки парчамбардорони омӯзишу таҳқиқ ва ташвиқу таблиғи ғоя­ҳои фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон бошанд, аз арзишҳои миллӣ, ки аслу асоси давлатдории миллии дунявии мо маҳсуб мешаванд, бо нангу номуси ватандорӣ дифоъ кунанд ва дар амри гус­тариши худшиносии милливу таърихии насли ҷавон бо кору пайкори худ намунаи ибрат нишон диҳанд».

- Тайи қарнҳои гузашта  донишмандони тоҷик бо афкори фароху дастовардҳои илмии хеш зулматистони бани башарро мунаввар сохтанд. Сабабу омилҳои  комёб будани онҳо ба андешаи Шумо кадомҳо буданд?

- Масъалаи мазкурро 4 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат чунин шарҳ дода буданд: «Ба назари мо, дар он давраҳои тираву тор олим ва илм ба хотири исботи ҳаққонияти худ мубориза мебурд ва барои мавҷудияти илм замина муҳайё мекард. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ, яъне, дар замоне ки барои рушди илм тамоми имкониятҳо муҳайё мебошанд, роҳу воситаҳои оқилонаи рақобати озоди илмро бо дарназардошти манфиатҳои милливу давлатӣ таъмин намоем».

Тибқи таҷрибаву хулосаҳои ҳосилшуда рушди илм замоне имконпазир мегардад, ки истеъдоди фитрӣ, арҷгузорӣ, рақобати солим таъмин  ва принсипҳои масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ дар фаъо­лияти илмӣ мавҷуд бошанд. Дар навбати худ, эътироф нашудани истеъдоди асил, худбоварии мутлақ, дарк накардани иштибоҳи худ ва  муғризона будани муносибатҳои илмӣ боиси заъфи илм хоҳад шуд.

Хушбахтона, дар кишвари мо илм яке аз омилҳои асосии рушди давлат ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа эътироф шуда, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳо муҳайё шудааст.

Бинобар ин, олимону зиёиёни эҷодкор барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва муқаддасоти миллӣ бояд талош намоянд, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ гузоранд, хотираи таърихии халқро пос доранд. Ин ҳама, тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд, бузургтарин сифатҳои зиёии асил мебошад.

- Барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво аз Шумо сипосгузорем ва мутмаинем, ки он барои огоҳии мардум аз моҳияти мулоқоти зикршуда ва рафъи камбудиҳо мусоидат менамояд.

- Саломат бошед, ин ҳадафи муштараки мост.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири  рӯзномаи «Садои мардум»