Бо супориши идораи рӯзнома бахшида ба 80- солагии таъсисёбии милитсияи Тоҷикистон аз фаъолияти ин мақом бояд мавод омода мекардам. Чун санаи таърихӣ буд, мақсад гузоштем, ки фаъолияти 80- солаи онро вазири корҳои дохилӣ шарҳ диҳад.
Бо ин мақсад ба дафтари матбуоти вазорат муроҷиат намудам. Гумон доштам, ки аз серкорӣ ва омодагӣ ба ҷашни касбӣ шояд вазир имкони суҳбат наёбаду ба ягон раёсат ё шуъба супориш диҳад. Аммо ғайриинтизор аз қабулгоҳ гуфтанд, ки вазир журналистро мунтазир аст. Инак, рӯ ба рӯйи вазир нишаста, саволномаро пешниҳод намудам. Вазир сигорро даргиронда, ба суҳбат оғоз кард. Дар блокнот суҳбатҳои вазирро сабт менамудам. Барои он, ки имкони пурра навиштанро дошта бошам, ботамкину ором суҳбат менамуд. Баъди анҷоми мусоҳиба вазир сигори навбатиро даргиронда, бо шӯхӣ гуфт, ки тӯли суҳбат як қутти сигор ба охир расид.
Баъд илова кард, ки дар рӯзномаҳо ному насабашро хато менависанд. Тавре дар ҳуҷҷат хато навишта шудааст, ҳамон тавр иштибоҳан дар расонаҳои хабарӣ истифода мешавад. Ӯ гуфт, ки Ҳумдин ном надорад. Номи дурустам Ҳомиддин аст ва таъкид кард, ки дар мусоҳиба бо ин шакл навишта шавад.
Ин буд аввалин суҳбат бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковник Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов. Ӯ фаъолияти 80- солаи милитсияро ҳамаҷониба таҳлил кард. Зикр дошт, ки ин давраи ташаккул, инкишоф ва пур аз корнамоиҳову ҷонбозиҳои кормандони мақомот мебошад. Тӯли ин солҳо ба сохтори қавии қудратӣ табдил ёфт, ки вазифаи муҳиму масъулиятро назди халқу давлат ба уҳда дорад.
Метавон гуфт, ки ин мақомот ҳамеша, аз ҷумла дар замони осоишта низ, вазифаҳои душвору масъулиятнокро иҷро мекунад. Ҳомиддин Шарифов 31 октябри соли 1996 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда буд. Ӯ роҳбарии мақомотеро ба уҳда гирифт, ки ҳанӯз 25 сол қабл дар он ҳамчун муфаттиш ба фаъолият оғоз карда буд. Ин маротиба на ба сифати корманди қаторӣ, балки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф дар давраи ниҳоят вазнин ва мушкили мақомоти корҳои дохилӣ масъулият ва роҳбарии онро ба уҳда гирифт. Аммо ин марди қавиирода, меҳнативу мушкилнописанд, на танҳо аз уҳдаи кор баромад, балки ба сифати вазири корҳои дохилӣ расо даҳ сол фаъолият намуд. Ӯ даврае роҳбарии ин мақомотро ба дӯш гирифта буд, ки ҷинояткорӣ ва амалҳои ба он монанд ба амният, якпорчагии давлати тоҷикон таҳдиди ҷиддӣ мекарданд.
Ҳамчун корманди ботаҷрибаи мақомоти милитсия Ҳомиддин Шарифов ба хубӣ медонист, ки барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, корро дар самти аз аҳолӣ гирифтани яроқу аслиҳа пурзӯр намудан лозим аст. Кормандони мақомот фаъолияти худро дар ин самт мувофиқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 таҳти №2 «Дар бораи ихтиёран супурдан ва мусодира намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монданд.
Дар ҳамин суҳбат Ҳомиддин Шарифов иброз дошт, ки чораҳои мушаххас оид ба фаъол гардидани мубориза бо ҷинояткорӣ амалӣ гардида, ҳамзамон ба сафарбаркунии ҳайати шахсӣ ба мубориза бо терроризм, экстремизми динӣ, кушодани ҷиноятҳои вазнин, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, риояи қонуният диққати махсус дода мешавад. Амалисозии чораҳои пешбинишуда ҷиҳати ба эътидол овардани авзои ҷомеа таъсири мусбӣ мерасонданд. Танҳо дар соли 2004, -гуфта буд дар идомаи суҳбат Ҳомиддин Ҳасанович, — нишондиҳандаҳо дар самти кофтукови ҷиноятӣ ба 1,3 ва намудҳои вазнини он 73,9 фоиз баланд гардидааст. Ба беҳтар гардонидани кушодашавии ҷиноятҳо ҳамчунин чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ мусоидат намуданд, ки дар рафти он 1558 нафар барои содири ҷиноятҳои гуногун дар кофтуков қарордошта муайян ва боздошт гардиданд. Соли 2004 фаъолияти 33 гурӯҳи ҷиноятии муташаккил бо шумораи иштирокдоронаш 151 нафар барҳам дода шуд.
Бо вуҷуди душвор будани вазъ ба такмили фаъолият ва ислоҳоти мақомот вазири корҳои дохилӣ аҳамият медод. Дар шароити нав ва мутобиқ ба талаботи замон фаъолияти вазоратро ба роҳ монд. Пеш аз ҳама ӯ ба ротатсия (ҷойивазкуни)-и кадрҳо бо дарназардошти сифатҳои ахлоқӣ, корӣ ва касбии онҳо аҳамият медод. Дар сохтори мақомот дигаргуниҳо низ ба амал омаданд.
Дар таркиби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона бахши мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва ҷиноятҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ созмон ёфт, ки минбаъд зарур будани таъсиси он собит гардид.
Созмон додани хадамоти ягонаи профилактикӣ (пешгирикунанда) низ ба давраи роҳбарии Ҳомиддин Шарифов марбут аст.
Маҳз туфайли кордонии ӯ ва хизмати шабонарӯзию фидокории роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ пеши роҳи болоравии ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ гирифта шуд. Дар давраи роҳбарии ӯ, даҳҳо гурӯҳҳои ҷинояткори хавфнок, амалҳои террористӣ, кушторҳои сиёсию фармоишӣ, гаравгонгирӣ ва хариду фурӯши одамон ошкор гардида, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳомиддин Шарифов, дар сохтори корҳои дохилӣ моҳирона ташкил намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткоронаи Р.Сангинов (Раҳмон –Гитлер), М.Муаккалов, С.Тағоев ва дигарон ба ҳисоб меравад.
Ба амалиёти «Барқосо» бобати дастгир ва безарар гардондани гурӯҳҳои ҷинояткори Раҳмон- Гитлер, Мансур Муаккалов бевосита Ҳомиддин Шарифов роҳбарӣ мекард. Амалиёти «Барқосо», ки бо роҳбарии ӯ анҷом дода шуд, аз ҷиҳати муҳлат, усул ва коркарду асоси ҳуқуқии гузаронидан, тафтишу ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон нодир мебошад.
Барои саркӯб ва торумор намудани дастаи М.Худойбердиев (солҳои 1997- 1998), ки қасди табаддулоти давлатиро доштанд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ саҳми арзанда доранд. Вобаста ба ин ҳодиса генерал- майори милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ дар хотираҳояш зикр менамояд, ки вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов ба Хуҷанд ҳайати калони шахсии вазорат, Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, дастаи таъиноти махсус ва қӯшунҳои дохилиро сафарбар намуд. Барои самараноку ҳадафрас сафарбаргардонии қувваҳо ва ташкили дурусти мубориза бар зидди ҷинояткорону хоинони Ватан вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов бо як гурӯҳ кормандон ба вилояти Суғд парвоз намуд. Дар натиҷаи ташкили дурусти кор, андешидани чораҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ, ҳамоҳанг гардондани қувваҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғосибон дар муддати кӯтоҳ саркӯб шуданд.
Мисли ҳазорҳо фарзандони баору номуси миллат Ҳомиддин Шарифов хоҳони сулҳу ваҳдат дар кишвар буд. Ба истиқболи 80-солагии таъсисёбии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомиддин Шарифов дар баромадаш чунин изҳор дошта буд: «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар душвортарин шароит барои ягонагии кишвари азизи худ қаҳрамониву мардонагӣ нишон дода, тавонистанд, ки сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Мо бояд ҳаргиз меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро фаромӯш насозем, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд».
Яке аз чунин кормандон худи Ҳомиддин Шарифов мебошад, ки то охир умри бобаракату ибратомӯзи худро баҳри сулҳу субот, оромии ҷомеа бахшид. Дар ин росто низ аз хотироти Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ порае оварданием, ки то шахсият, одамият ва қадршиносии Ҳомиддин Шарифов нисбат ба ҳамкасбонаш равшан гардад. Ӯ чунин менигорад:
-Ҳомиддин Шарифов бисёр дили ҳассос дошт ва аз ҳар як талафоти ҷонии мақомот мутаассиру андӯҳгин мегардид. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари ҷасадҳоро аз сангарҳо кормандони Раёсати тиббии вазорат бароварда, ба хонаҳояшон мебурданд. Ҷасади се корманди милитсияро ба бинои раёсат оварданд. Вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов ба назди ин ҷасадҳо омада, онҳоро бӯсида: «Барои Ватан ҷон додаанд», — гӯён ашки ҳасрат рехт. Бо фармони вазир ба оилаҳои ҳалокшудагон маводи хӯрока ва пул кумак расонда шуд.
Ҳомиддин Шарифов ба кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати касбии онҳо аҳамияти калон медод. Бо пешниҳод ва кӯшишҳои бевоситаи Ҳомиддин Шарифов масъалаи ташкили Академияи ВКД гузошта шуд. Баъди санҷида баромадани ин пешниҳод, 30 декабри соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519 қарор қабул намуд, ки Мактаби олии милитсия ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад. Пас аз чанде факултети №1 ташкил шуд, ки он ҷо ҳар сол ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос мегузаранд.
Таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба кормандони ҷавон, занону духтарон, ки дар ин мақомот фаъолият мекарданд, ниҳоят калон буд. Дар хотирам яке аз баромадҳои Ҳомиддин Шарифов ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар (8 март), ки дар Кохи Ҷомӣ баргузор шуда буд, ҳанӯз ҳам мондааст. Дар ин ҷамъомади тантанавӣ рӯзноманигорон низ иштирок доштанд. Ӯ бо эҳтиром ва самимона мақсаду орзуяшро баён намуда гуфт, ки мехоҳад аз ҳисоби занҳо як нафар генерал тайёр намояд.
Ҳамкоронаш Ҳомиддин Шарифовро ҳамчун шахси бомаърифату фарҳангӣ арзёбӣ менамоянд. Полковники милитсия Ислом Нозимов дар бораи Ҳомиддин Шарифов мегӯяд, ки ӯ нисбат ба каломи бадеъ, адабиёт, мероси бойи фарҳангии ниёгонамон эҳтироми хоса дошт. Аз ашъори адибони классик ва муосири тоҷик шеъри зиёд медонист. Дар суҳбатҳояш шеър мехонд ва гумон мекардӣ, ки ӯ на корманди ҳифзи ҳуқуқ, балки адиб бошад. Маҳз бо дастгирии ӯ ансамбли эстрадии назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сипар» ташкил ва шуҳратёр гардид.
Ҳомиддин Шарифов баъд аз Бобо Маҳкамов (солҳои 1954-1972) дуюмин нафарест, ки солҳои зиёд вазири корҳои дохилӣ буд. Дар давраи роҳбарии Ҳомиддин Шарифов Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан мартаба, обрӯи пештараро барқарор намуд.
Ӯ ба ин вазифа вақте таъин гардид, ки солҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор карда, таҷриба ва малакаи бойи касбиро соҳиб шуда буд. Баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти меҳнатиашро 16 сентябри соли 1971 аз муфаттишии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон оғоз намудааст. Минбаъд сармуфаттиши шуъбаи корҳои дохилӣ ва баъдан раиси Суди ноҳияи Ёвон интихоб мешавад. Сипас, дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла раиси Суди вилояти Кӯлоб, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Ҳомиддин Шарифов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ интихоб шуда буд. Баъди беморӣ Ҳомиддин Шарифов соли 2007 вафот мекунад.
Тӯли фаъолият Ҳомиддин Шарифов аз худ номи нек боқӣ гузошт. Шогирдони зиёде тарбия намуд, ки дар вазифаҳои баланди мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ фаъолият доранд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Гиёев ӯро устоди худ медонад. Ҳангоми ба ҳайси судяи Суди ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ба кор сар кардан, роҳбару маслиҳатгараш раиси Суди вилояти Кӯлоб Ҳомиддин Шарифов буд. Серталабӣ, ҳаматарафа ва холисона баррасӣ намудани парвандаҳоро аз Ҳомиддин Шарифов омӯхтааст. Шогирдонаш Шермуҳаммад Шоҳиён, Маҳмадалӣ Ватанов, Амирхоҷа Ғоибназаров, ки дар вазифаҳои баланди ҳокимияти давлатӣ ва қонунгузорӣ фаъолият доранд, дар ҳаққи устодашон Ҳомиддин Шарифов суханони самимӣ ва нек мегӯянд.
Хизматҳои содиқона ва бисёрсолаи Ҳомиддин Шарифов дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II (соли 2006), ордени Пётри Кабир дараҷаи I (соли 2006) аз Федератсияи Россия, 13 медал, 19 нишони сарисинагӣ ва ғайра номгӯйи нопурраи мукофотҳои ӯ мебошанд.
Аз худ Ҳомиддин Шарифов номи нек ёдгор мондааст. Фарзандони солеҳи Ҳомиддин Шарифов, ки ҳама соҳиби маълумоту коранд, номбардори падари худ мебошанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»