Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

№102 (4842) 23.08.2024
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Пеш аз ҳама, мехостам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам бори дигар меҳмони азизамон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро самимона хайрамақдам гӯям.

Мо сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич, рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ менамоем.

Зимни музокироти эътимодноки имрӯза мо азми худро ҷиҳати минбаъд низ идома додани муколамаи мунтазами сиёсӣ тасдиқ намудем.

Аз рӯйи натиҷаи музокирот якчанд санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба таври назаррас таҳким мебахшанд.

Аҳамияти таърихии баимзорасии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро махсус таъкид менамоям.

Ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд.

Дар музокирот мо таъкид намудем, ки ҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ  авлавияти муносибатҳои моро ташкил медиҳад.

Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Гардиши мутақобилаи мол дар шашмоҳаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 20% афзоиш ёфтааст.

Мо дар робита ба зарурати андешидани тадбирҳои иловагии ҳамоҳанг ҷиҳати тавсеаи номгӯйи молҳои тиҷоратӣ ба тавофуқ расидем.

Ба ҳамкорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар панҷ соли охир ҳаҷми сармояи Қазоқистон ба иқтисоди мо 700 миллион долларро ташкил дод.

Мо аз сармоягузориҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон минбаъд низ истиқбол хоҳем кард.

Натиҷаҳои форуми соҳибкории дирӯза дар Душанбе аз имконоти васеъ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ дарак медиҳанд.

Дар доираи Форум ҷонибҳо чордаҳ шартномаи тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар ба имзо расониданд.

Ҳарчи зудтар андешидани тадбирҳои зарурӣ барои оғоз намудани фаъолияти амалии «Ширкати муштараки тиҷоратӣ ва сармоягузории «КазТрейд-Тоҷикистон»»-ро бисёр муҳим мешуморем.

Мо аҳамияти истифодаи густурдаи иқтидори Комиссияи байниҳукуматиро таъкид кардем.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ дар ҷараёни музокирот мавзӯъҳои вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама, дар бахши саноат,  ҷойгоҳи муҳим доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон барои татбиқи муштарак дар саноати кӯҳӣ, сабук, озуқаворӣ ва кимиё, ҳамчунин дар соҳаҳои металлургияи ранга ва дорусозӣ лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Мо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ кардем.

Имрӯз беш аз 80 фоизи содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон рост меояд.

Дар ин замина аҳамияти татбиқи амалии лоиҳаи таъсиси марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон барои коркард, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротии кишоварзӣ таъкид гардид.

Бо истифода аз фурсат ба дӯстони қазоқистониамон барои мусоидати доимӣ дар таъмини талаботи кишварамон бо ғалла изҳори миннатдорӣ менамоям.

Мусаллам аст, ки мо ҳамасола аз Қазоқистон ба миқдори зиёд ғаллаи озуқаворӣ, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид менамоем.

Зимни музокирот мо дурнамои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва рақамикунониро таъкид намудем.

Мехоҳам таъкид намоям, ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда сад мутахассис аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии (IT) Қазоқистон ба таври маҷозӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Мо аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит ҷонибдорӣ намудем.

Бо қаноатмандӣ ҳаҷми афзояндаи боркашонӣ ва мусофиркашонии автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоиро таъкид намудем.

Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва дар соҳаи сайёҳӣ дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт.

Ҳамчунин, рушди босуръати ҳамкории байнипарлумониро таъкид кардем.

Масъалаҳои вобаста ба робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ зимни музокирот ҷойгоҳи муҳим доштанд.

Мо аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъатро таъкид намудем.

Дар доираи сафари давлатии муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич дар Тоҷикистон ба таври фарогир Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон мегузаранд.

Дар арафаи сафар бошад, дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабинии иҷтимоию фарҳангӣ ва илмию амалӣ муваффақона баргузор гардид, ки таҷассумгари дӯстию наздикии мардумони бародари мо мебошанд.

Ифтитоҳи муҷассамаи шоир ва маорифпарвари бузурги Қазоқистон Абай Кунанбаев дар яке аз калонтарин боғҳои шаҳри Душанбе – боғи Фирдавсӣ ба ин сафар мафҳуми рамзӣ бахшид.

Сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро баланд арзёбӣ кардем.

Аз тавсеаи минбаъдаи робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии ҳарду давлат ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар ҷараёни музокирот ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ муфассал табодули афкор намудем.

Ба мувофиқа расидем, ки ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусамонро дар мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ тақвият бахшем.

Мо доир ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон доштем.

Ҷониби Тоҷикистон ба раёсати Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва механизми Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳад.

Дар фарҷом мехостам аз музокироти имрӯза қаноатмандии амиқ баён намуда, ба меҳмонони азизамон дар Тоҷикистон будубоши гуворо орзу намоям.

Бо камоли мамнуният суханро ба муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев медиҳам.

Марҳамат.