То 1-уми июли соли 2024 вуруди сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ 1,95 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ 153,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ба 112,6 фоиз баробар гардид.
Ин муддат ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ 3 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 16 миллион доллари ИМА барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расида, барои имзои 8 созишномаи дигар ба маблағи умумии 505 миллион доллари ИМА корбарӣ ҷараён дорад.
Иттилоъ гирифтем, ки ҷиҳати муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат як қатор форуму ҳамоишҳо дар давлатҳои Қатар, Италия, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Чин, ИМА ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд. Дар ин замина, бо шарикони рушд созишномаҳои қарзию грантӣ барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 460,0 миллион доллари ИМА ба имзо расид.
Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳибкорони кишвар беш аз 10,6 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллиард сомонӣ ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»