- Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 251,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 240,5 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шудааст. Дар ин хусус директори агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар нимсолаи аввали соли равон кормандони агентӣ 1267 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо ошкор намуда, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, ба судҳо ирсол намудаанд.
Зикр гардид, ки аз натиҷаи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ ба вазорату идораҳо 1772 пешниҳод ва 734 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбат ба 303 нафар ҷазои интизомӣ татбиқ шуда, 106 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод шудаанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»