Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94303 парванда ва дархосту пешниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24611 адад зиёд мебошад. Аз парвандаҳои баррасигардида 6811 ададро парвандаҳои маданӣ, 21332 — оилавӣ, 59280 — ҷиноятӣ, 48931 — маъмурӣ, 4416 — дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3096 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
- Дар самти амалисозии талаботи қонунҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» корҳои зиёд амалӣ гардида, нисбат ба вайронкунандагони қонуни мазкур 25021 қарор қабул шуд. Дар маҷмӯъ, ба 3681 нафар огоҳӣ ва нисбат ба 21340 шахс ба маблағи 4 миллиону 653 ҳазору 676 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 885 парванда баррасӣ шуда, 877 шаҳрванд ба маблағи 6 миллиону 079 ҳазору 473 сомонӣ ҷарима шуда, 8 парванда қатъ гардид,- афзуд Ш. Шоҳиён.
Ба гуфти ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3 судя — раиси суди ноҳияи Панҷ, судяи суди шаҳри Леваканд ва судяи суди шаҳри Кӯлоб ба ҷиноят даст зада, бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафарашон аз озодӣ маҳрум ва як нафар ҷарима шуд. Барои роҳ додан ба камбудӣ ва дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани вазифаи хизматӣ нисбат ба 7 судя муҷозоти интизомӣ таъин гардид.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»