- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ ба муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию доруворӣ дастрас шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,83 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бемориҳои сироятии тоун, вабо, домана, салмонеллёз, вараҷа, паратифҳо ва полиомиелит ба қайд гирифта нашудааст. Мутаассифона, дар ин давра бемории зардпарвини вируси намуди «А» 1228 ҳодиса, сӯхтанӣ — 4, илтиҳоби шуш — 859, сили бори аввал бақайдгирифташуда — 191 ва сили роҳҳои нафаскашӣ 26 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.
Дар давраи мавриди назар 87 ҳазору 921 модар аз ташхиси фаросавтӣ гузаронида шуда, дар 806 нафар иллати модарзодӣ муайян ва таваллуди 612 кӯдаки маъюб пешгирӣ гардид. Аз нуқсонҳои дарёфтшуда 101 ҳодиса ба никоҳи хешутаборӣ алоқамандӣ доштааст.
Хабарнигори рӯзнома аз масъулин доир ба ҳолати Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина», беобӣ ва вазъи ҳузнангези санитарию эпидемиологии беморхонаҳои шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод пурсон шуд.
- Тайи чанд соли охир дар МД «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» навгониҳои зиёд ба амал омаданд. Шаҳрвандоне, ки бо шикояти марбут ба роҳи нафас ва шуш муроҷиат мекунанд, тавассути дастгоҳҳои махсус ташхису табобат мешаванд. Марказ бо дастгоҳҳои зарурии тиббӣ давра ба давра таъмин мешавад, аз ҷумла харидории дастгоҳи «Бронхоскопия» дар назар аст, — иттилоъ дод Ҷ. Абдуллозода.
Номбурда дар робита ба мушкилоти беобӣ ва вазъи ногувори санитарию эпидемиологии бемористони ноҳияи Нуробод иброз дошт, ки дар ноҳия вақти ба истифода додани таваллудхона мушкили беобӣ бартараф шуда буд. Аз тарафи идораи хизмати коммуналии вазорат дар масофаи 3 километр хати об барои беморхона кашида шуда буд. Вале баъзе мушкилоте, ки дар маҳаллаҳои атроф ба миён омад, сабаби кам гардидани об дар муассиса гардид. Мутаассифона, масъулини вазорат оид ба мушкилоти беобӣ дар беморхонаи шаҳри Роғун ҷавоби қонеъкунанда дода натавонистанд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»