Хоруғ. Нақлиёти нав дар хизмати мардум

№103 (4843) 26.08.2024

МАШХУР (1)Дар доираи лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунӣ, марҳилаи 2» ва «Устуворгардонии шаҳри Хоруғ» Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии об ва канализатсия»-и шаҳри Хоруғ соҳиби се нақлиёти хизматӣ гардид.

МАШХУР (2)Дар маросими тақдими техникаву нақлиёти нав раиси шаҳр Ризо Назарзода иброз дошт, ки ин иқдом барои таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи ҳамкориҳои судманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо шарикони рушд амалӣ гардид.

МАШХУР (3)Ёдовар мешавем, ки солҳои охир бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва кумаки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ садҳо техникаву муҳимот ва нақлиёти хоҷагидорию мусофиркашонӣ ба ВМКБ ҷудо шуда, дар хизмати сокинон қарор доранд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»