Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди амал қарор гирифт, дар таърихи қонунгузории кишвар падидаи бемисл ва хотирмон аст. Сокинони мамлакат хуб дарк кардаанд, ки маҳз риояи қонуни мазкур барои таъмини пурраи рӯзгори ҳар хонавода ва тадриҷан расидан ба зиндагии шоиста ёрӣ медиҳад.
Сарвари давлат дар суханрониҳояшон ба мардум ҳамеша дар бораи риояи қонун ва аҳамияти он ҳушдор медиҳанд: «То расму оин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем… Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем… Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».
Барои фаҳмондани муҳтавои қонун ба мардум Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз ҳисоби фаъолон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода, бо сокинони ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Дар баробари ин, пайваста нисбат ба вайронкунандагони қонун чораву тадбирҳо андешида мешавад. Аз ҷумла, аз тарафи кормандони прокуратураи ноҳия ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати иҷрои қонуни мазкур дар деҳаи Ярхичи деҳоти Ҳоит аз тарафи сокини ҳамин деҳа Ҷ. Қ., соли таваллуд 1974, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, оиладор, соҳиби 10 фарзанд ва дар ягон ҷой кор намекунад, ҳолати риоя накардани қонун мушоҳида гардидааст. Мавсуф бо мақсади «ҳоҷиталбон»-и шавҳари апааш дастархони пур аз нозу неъмат ороста, бист сокини деҳаро зиёфат додааст.
Инчунин, сокини деҳаи Ҳоит С. Ҳ., соли таваллуд 1991, таҳсилоташ миёнаи умумӣ, соҳиби 4 фарзанд, ки дар ҷое кор намекунад, барои гузаронидани «бист»-и аммааш дар чойхонаи деҳа маърака ороста, ба он 60 ҳамдеҳаашро даъват кардааст.
Ба ҳамин монанд сокини дигари деҳаи мазкур А. Н., соли таваллудаш 1996, таҳсилоташ олӣ, оиладор, соҳиби як фарзанд, бидуни иҷозаи бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тӯйи арӯсии бародарашро баргузор намуда, дар манзилаш ва чойхона-фароғатгоҳи деҳа барои 80 нафар иштирокчиёни маърака зиёфат оростааст.
Мурофиаҳои судии ашхоси зикршуда дар толори суди ноҳияи Рашт таҳти сарварии раиси суди ноҳия Ҳусейн Баротзода баргузор гардиданд. Ҳангоми муҳокима вайронкунандагони қонун изҳори пушаймонӣ карданд. Афсӯс хӯрданд, ки итоат накардан ба қонун барояшон чунин вазъиятро пеш овард.
Суди ноҳияи Рашт масъаларо ҳаматарафа омӯхта, ҳолатҳои сабуккунандаро низ ба назар гирифт ва ба ҳар кадоми онҳо ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 7480 сомонӣ, ҷарима таъин намуд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»