Баробари фаро расидани фасли тобистон ба оббозӣ майли бештар пайдо мешавад. Шиноварӣ на танҳо барои инкишофи ҷисмонӣ, балки дар ҳолати хуб нигоҳ доштани асаб ва мутобиқ намудани организм ба муҳит мусоидат менамояд, аммо ташвишовар он аст, ки ҳамасола кӯдакону наврасони зиёд ҳини оббозӣ ғарқ мешаванд. Сабабҳои ғарқшавӣ кадомҳоянд ва чаро бо вуҷуди тавсия ва таъкидҳои пайвастаи мутахассисон шумораи ғарқшудагон коҳиш намеёбад? Иҷрокунандаи вазифаи сардори маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ дар посух ба ин ва суолҳои дигари марбут ба мавзуъ чунин гуфт:
- Ғарқшавӣ дар фасли тобистон масъалаи доғ боқӣ мондааст. Барои истироҳат ва обутоби бадани инсон об манбаи хуб аст, аммо надонистан ва вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ, интихоби нодурусти ҷой барои оббозӣ ва ба таври кофӣ надоштани малакаи шиноварӣ метавонад боиси марг гардад.
Мутаассифона, бо ин сабаб дар шаш моҳи аввали соли 2023-юм 87 нафар ғарқ шуда буданд, ки 32 нафарашон кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон бошад, 86 нафар ғарқ шуданд, ки беш аз 40 нафарашон кӯдакон ва наврасони то синни 16 мебошанд.
Қобили зикр аст, ки натавонистани оббозӣ ягона сабаби ғарқшавӣ нест, омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд. Масалан, шоҳроҳҳои асосии мамлакати мо бештар аз соҳили дарёҳо мегузаранд. Аз ин рӯ, сабаби дигари ғарқшавӣ садамаҳои нақлиётӣ мебошанд. Баъзан ҳангоми убур намудани рӯдхонаҳое, ки ворид шудан ба он манъ гаштааст, сокинон ба ҳалокат мерасанд.
Моҳи феврали соли равон аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд. Аъзои гурӯҳ истироҳатгоҳҳои кишварро, ки ҳавзҳои оббозӣ доранд, аз санҷиш гузаронданд. Комиссия хулосаҳояшро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намуд.
Дар ҷумҳурӣ мавсими шиноварӣ аз якуми июн оғоз меёбад, аммо дар баъзе ноҳияҳо шаҳрвандон ҳанӯз мавсими оббозӣ фаро нарасида, ба шиноварӣ машғул мешаванд, ки ин пайомади ногувор дорад.
Барои пешгирии чунин ҳолатҳо якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндаҳои дигар мақомоти дахлдор дар мавзеъҳое, ки шиноварӣ манъ аст, рейд гузаронда, бо кӯдакон суҳбатҳо доир мешавад. Ғайр аз ин, аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар мавзеъҳое, ки бештар шаҳрвандон ба шиноварӣ машғул мешаванд, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Дар ин замина то имрӯз онҳо 16 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Зуҳуроти дигаре, дар ду соли охир зиёд шудааст, худкушӣ мебошад. Аз якуми июн то имрӯз гурӯҳҳои сайёри наҷотдиҳандагон дар ҳудуди вилояти Хатлон чор нафарро, ки худро дар об ғарқ намудан мехостанд, наҷот доданд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе падару модарон фарзандони худро беназорат мемонанд. Бо ин сабаб чанде пеш 5 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шуд.
Дар ин кор калонсолон бояд намунаи ибрат барои ноболиғон бошанд, вале ҳолатҳое мешавад, ки онҳо дар мавзеъҳои мамнуъ шиноварӣ мекунанд. Масалан, дар дарёҳо. Ҳол он ки дар дарёҳои ҷумҳурӣ оббозӣ манъ аст.
Мусоҳиб Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»