Таваҷҷуҳ!

Ҳушдори Прокуратураи генералӣ

№103 (4843) 26.08.2024

1028112761_0_5_1600_905_2072x0_60_0_0_2082ee68f60f6893997cda972c3e54e9Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, чунин ҳушдор додааст: «Ба маълумоти  шаҳрвандони мамлакат расонида мешавад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна эълону реклама ва таблиғот вобаста ба  таъмини  ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир, зиёд гардидаанд».

Таъкид шудааст, ки ин таблиғот асос надошта, барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағи шаҳрвандон суиистифода шуда, дорои пайомадҳои манфӣ, инчунин, боиси ба шаҳрвандон расонидани зарари калон мегарданд. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандони кишвар эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат  нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»