Душанбе — мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ

№103 (4843) 26.08.2024

456217819_3213592495439765_6037984932882616087_n-409x409 (1)Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 30 — 31-уми ­августи соли равон дар пойтахти кишварамон нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони 60 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Қобили таъкид аст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ, маҳз бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз соли 2015 Сарвари давлат ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дастур доданд, ки гӯштини миллӣ на танҳо дар Наврӯз, балки дар ҳама ҷашнҳо тарғиб шавад. Инчунин, дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯз соли 2016 Пешвои миллат эълон намуданд, ки минбаъд 22 март «Рӯзи гӯштингирон», 23 март «Рӯзи аспдавонон» ва 24-уми март «Рӯзи гулкорӣ ва ниҳолшинонӣ» эълон шавад.

Ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани ин намуди варзиш 19-уми марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо ширкати намояндагони 31 давлат кунгураи машваратӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш аксар намояндагони давлатҳои иштирокчӣ тасмими кишвари моро ҷиҳати мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштини миллии тоҷикӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи гӯштингирони Тоҷикистон дар Раё­сати адлияи шаҳри Сюрихи Швейтсария гӯштини миллии тоҷикиро сабти ном намуд ва федератсия соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Ҳамин тавр, аз 17-уми июни соли 2022 гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалиро соҳиб шуд.

26-27-уми июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони зиёда аз 30 кишвар бори нахуст тайи 96 соли мавҷудияти ҳаракати ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи гӯштингирӣ баргузор гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки гӯштини миллии тоҷикон таърихи беш аз 3000-сола дошта, он сарчашмаи тамоми намудҳои гӯштин (махсусан самбо, кураш, камарбандӣ…) ба шумор меравад. Дар бораи паҳлавонон ва тарзу усулҳои тамрини онон дар асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Умари Хайём, Носири Хус­рав, Саъдӣ Шерозӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигарон маълумоти фаровон дода шудааст.

Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и беза­волаш аз хурдӣ дар рӯҳияи далерӣ ва бо гӯштию омоҷу гӯй (тӯби чавгонбозӣ) тарбия додани писар таъкид намудааст:

Чу парварда гардад писар дар канор,

Битарсаду пеш оядаш корзор.

Ба гӯштию нахчиру омоҷу гӯй,

Диловар шавад марди пархошгӯй.

Вобаста ба таърихи пайдоиш ва рушди гӯштингирӣ дар кишвар чанде пеш китоби шореҳи варзиш Мирзосафар Шамсиддинов бо номи «Ҳалуки искандарӣ» низ аз чоп баромад, ки армуғони арзанда дар арафаи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ маҳсуб меёбад.

Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар далели эътирофи варзиши миллии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Муҳим он аст, ки дар давоми баргузории ин мусобиқа варзиши тоҷик муаррифӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»