Ҳамоиши муҳим

Азми қавии Ф. Раҳимӣ ва нигаронии Ш. Кабир

№103 (4843) 26.08.2024

КУМИТА 1Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва соҳибкасб намудани аҳолии мамлакат корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, чанде пеш бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис дода шуд.

Ин нукта зимни баргузории суҳбати гирди миз таҳти унвони «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷот ва талаботи корфармоён», ки чанде пеш бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» баргузор шуд, зикр гашт.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода ва корфармоён — намояндагони корхонаҳо, ширкатҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ муаррифии кумитаи навтаъсис ва самтҳои фаъолияти он ба корфармоён арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳоло дар назди кумита 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд.

- Муассисаҳо аз рӯи 500 ихтисос дар 30 самт мутахассис омода менамоянд. Ният дорем шумораи ихтисосҳоро то ба 1000 расонем. Мехоҳем самту ихтисосҳои навро, ки дар ин зинаи таҳсилот ворид мешаванд, бо корфармоён мувофиқа созем. Даъват мекунем иштирокчиёни чорабинӣ — намояндагони корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ бо мо ҳамкорӣ дошта бошанд, эҳтиёҷ ва талаботашонро ба касбҳои гуногун иброз намоянд, — гуфт раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ.

КУМИТА 3Дилрабо Мансурӣ мавзуи мавриди баррасиро саривақтӣ арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфт: «Омода намудани кадрҳо аз рӯи методологияи нави таълим дар асоси стандарти байналмилалии касбҳо ва бо назардошти талаботи бозори меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар талабот ба кадрҳои соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, сайёҳию хизматрасонӣ зиёд буда, таъмини ин соҳаҳо бо кадр вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад».

Ба гуфти Шералӣ Кабир, бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар имрӯз бештар ба мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ниёз доранд. «Ҳоло бисёр ширкатҳо, аз ҷумла «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хеле модернизатсия шудааст. Ширкат ба 600 нафар кормандони дорои сатҳи баланди касбӣ дар соҳаи IT — технология эҳтиёҷ дорад. Мутаассифона, мо дар ин самт қадамҳои устувор гузошта натавонистем», — афзуд ӯ.

Дар фарҷом корфармоён ба масъулини кумита дархосту пешниҳодоти ба тақвияти равобит мусоидатмекардаро ироа намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»