Алишер МИРЗОНАБОТ: «Марҳилаи нави рушди ВМКБ шурӯъ гардид»

№103 (4843) 26.08.2024

Фабрика форматовIMG-20240812-WA0000Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки маҳз ба шарофати пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии вилоят пурра таъмин шаваду бунёдкорӣ вусъат пайдо намояд.

Ба иттилои раиси вилоят дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷет 104,8 фоиз иҷро гардида, музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ сари вақт пардохт шуд.

Бақияи қарзи андоз соли 2024-ум 1,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳи январи соли равон 50,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Пасандозҳои шаҳрвандон дар бонкҳо нисбат ба шаш моҳи соли 2023-юм 11,6 фоиз афзоиш ёфта, ба 423,7 млн. сомонӣ баробар гардид. Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар ВМКБ амалиёти ғайринақдӣ 97,1 млн. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 85,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар бобати амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025» раиси ВМКБ иброз дошт, ки он аз 138 лоиҳа ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ иборат буда, аллакай 57 банди он пурра иҷро гардида, аз рӯи 37 банди дигараш корҳо бомаром идома доранд.

Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ВМКБ 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ ташкил гардида, то охири соли равон ифтитоҳи боз 30 корхонаю коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла се корхонаи коркарди мева, маҳсулоти гӯштӣ, фаб­рикаи мурғпарварӣ, ду хоҷагии калони моҳипарварӣ, се корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гиёҳҳои шифобахши Бадахшон, равғани ангат, сехи макаронбарорӣ, корхонаи калони коркарди санг, дар нақша аст.

- Бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар доираи «Барномаи электрофикатсияи деҳот» панҷ неругоҳи барқи обии хурд дар ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Роштқалъа бо иқтидори 646 кВт, ҳафт неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 5,3 мВт ва агрегати якуму дуюми НБО «Себзор»-и ноҳияи Рошт­қалъа мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт, — иброз намуд Алишер Мирзонабот дар ­нишасти матбуотӣ.

Раиси вилоят дар посух ба саволҳои журналистон вобаста ба канданиҳои фоиданоки вилоят, таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, мушкилоти обрасонӣ, бартарафсозии офатҳои табиӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, муқовимат бо хурофотпарастию ифротгароӣ ва ғайра ҷавобҳои қаноатбахш дод.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»