13 августи соли 2024, зимни баргузории Иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозии навбатии ҳар як сокини Тоҷикистони азиз аст, зеро даҳсолаи мазкур ташаббуси шашуми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.
Дар заминаи 1,5°С афзудани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ, яъне гармшавии глобалии иқлим, олимону коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳадди ақал нисфи пиряхҳои имрӯза то соли 2100 аз байн мераванд. Аз соли 1990 инҷониб дар лавҳаи азими яхбандии Гренландия 4,890 млрд. тонна (Гт) ва солҳои 1992-2020 дар майдони бузурги яхистони Антарктика 2,670 Гт об шудани ях далели бармалои суръати коҳишёбии пиряхҳо дар навоҳии қутбии сайёраи Замин аст. Бо чунин суръат обшавии пиряхҳо дар манотиқи Арктика ва Антарктика, ки тӯли 30 сол 4 маротиба афзудааст, пайомадҳои ногувор дорад. Гузориши махсуси Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ) оид ба уқёнус ва криосфера дар раванди тағйирёбии иқлим (соли 2019), гузоришҳои ГКБТИ дар соли 2021 (асосҳои илмии физикӣ) ва 2022 (таъсирот, мутобиқшавӣ ва осебпазирӣ) ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки дар бораи босуръат обшавии пиряхҳо ва камшавии яхбандиҳои доимӣ тадбирҳои саривақтӣ андешад.
Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим дар криосфера дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайомадҳои манфии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад ва сабаби асосии он, пеш аз ҳама, фаъолият ва таъсири бевоситаи инсон дар берун аз ин минтақаҳо мебошад. Тағйироти мазкур метавонад барои экосистемаҳо ва одамон оқибати бебозгашт дошта бошад ва ба амнияти обию озуқавории беш аз 2 миллиард аҳолӣ таъсири бевосита расонад. Зиёда аз ин, коҳишёбии ҷузъҳои ҷудогонаи криосфера, бахусус пиряхҳову яхбандиҳо дар Гренландия ва Антарктида, барои 50% баланд шудани сатҳи баҳрҳо ва доман густурдани гармшавӣ дар уқёнусҳо низ оварда мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иброз намуданд, ки «бо мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносиро пешбарӣ намоем». Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки кӯшишҳо ва ҳамкориҳои муштаракро ҷиҳати омӯзишу пажӯҳиши навоҳии қутбӣ ва пиряхҳои онҳо бештару мунтазам гардонад, то ба ин буҳрони дарпешистода мубориза барад. Барои ин, зарурати дарёфт намудани имконоти нав оид ба мустаҳкам гардонидани ҷамъияти илмӣ ва вусъат бахшидани тадқиқоти илмӣ аҳамияти бағоят бузург дорад.
Мавриди зикр аст, ки барои ҳалли мушкилоти марбут ба криосфера солҳои байналмилалии қутбӣ (соли якуми байналмилалии қутбӣ 1882-1883; соли дуюми байналмилалии қутбӣ 1932-1933, соли сеюми байналмилалии қутбӣ 1957-1958 ва соли чоруми байналмилалии қутбӣ 2007-2008) муайян гардида, як қатор корҳои илмӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин, пас аз анҷоми соли чоруми байналмилалии қутбӣ ва гузаронидани тадқиқот оид ба иқлим, атмосфера, уқёнус ва масоили марбут ба биосфераю экологияи ноҳияҳои қутбӣ пешниҳод гардид, ки соли 2012 ва сипас, соли 2015 даҳсолаи байналмилалии қутбӣ баргузор шавад. Вале Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СҶО) дар ҳар ду маврид ҳам пешниҳоди мазкурро рад намуд. Маҳз, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Сарвари хирадманду дурандеш ва ташаббускори масоили ҷаҳонии обу иқлим, аҳамияти умумисайёравию умумиинсонӣ доштани улуми қутбшиносӣ ва яхшиносӣ ба маъраз гузошта шуд.
Дар меҳвари ин ташаббус, қабл аз ҳама, ноил шудан ба баланд бардоштани сатҳи амният дар фазои қутбӣ, танзими боркашонӣ тавассути Арктика, рушди туризм дар навоҳии қутбӣ, дастгирии омӯзишу пажӯҳиш оид ба пиряхҳо ва қутбҳо, пурзӯр намудани ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи баҳр, таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ғайра қарор дорад, ки барои расидан ба ҳадафҳо ва мақсади гузошташуда бавосита мусоидат менамояд.
Дар қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин, таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба намоянд.
Ҳамзамон, дар он бо такя ба қатъномаи Маҷмаи умумии СММ таҳти унвони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилотҳои байниҳукуматию ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва шарикони рушд тақозо шудааст ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори он, аз ҷумла ЮНЕСКО ва СҶО, мудирият мешавад, саҳмгузор бошанд.
Дар ин қатънома аҳамияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дарҷ ёфта, аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол шудааст.
Тавре зикр гардид, ташаббуси қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 11 июни соли 2024) пешниҳод гардида, Пешвои миллат аз кишварҳои аъзои СММ даъват ба амал оварданд, то аз иқдоми мазкур пуштибонӣ намоянд. Ин даъват ҳамаҷониба ҳамовозӣ пайдо намуда, Австралия, Белгия, Булғория, Чили, Кипр, Хорватия, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Марокаш, Мозамбик, Нидерланд, Покистон, Перу, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария, Британия, Уругвай ва ғайра ба он ҳамроҳ гардиданд. Пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад. Зимни баргузории Нишасти қутбии «Як cайёра» даъват шуд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, тақвият бахшидани тадқиқоти илмӣ дар криосфера ва вусъат додани ҳамгироии беҳтари оқибатҳои коҳишёбии криосфера дар таҳияи сиёсатҳо бештару беҳтар гардонида шаванд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми 40 соли охир ҳарорат дар Арктика аз қимати миёнаи ҷаҳонӣ 4 маротиба бештар афзуда, дар тӯли 45 соли охир яхҳои баҳрии ин минтақа бо суръати баланд коҳиш меёбанд ва дар моҳи сентябри соли 2023 ба ҳадди панҷумин пасттарини яхбандӣ расидаанд. Дар Уқёнуси ҷанубӣ (Антарктида) бошад, моҳи феврали соли 2023 хурдтарин қимати яхбандӣ ба қайд гирифта шуд, ки то ин давра мушоҳида нагардида буд.
Маҳз, бо назардошти буҳрони амиқи глятсиологӣ ва криосферӣ СММ ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ»-ро комилан ҷонибдорӣ намуд. «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» оғоз гардида, дар доираи он Соли панҷуми байналмилалии қутбӣ (2032-2033) гузаронида мешавад, ки он бо ЮНЕСКО, СҶО, Кумитаи байналмилалии илмии Арктика, Кумитаи илмӣ оид ба тадқиқоти Антарктика, Шурои байналмилалии илм ва дигар созмонҳои байналмилалии қутбшиносӣ ва илмӣ ҳамоҳанг шудааст. Ҳамчунин, даҳсолаи мазкур барои Даҳсолаи СММ оид ба уқёнусшиносӣ барои рушди устувор (солҳои 2021-2030), ки ҳоло идома дорад, захираҳои бисёрҷонибаи тадқиқотиро фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, бо қабули ташаббуси шашуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» нақши боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли масоили обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардид.
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент