РАШТ. ТАЪСИСИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛ ДАР ШАҲРАКУ ДЕҲАҲО

№ 14.08.2024

Дар партави  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд додани футбол ва оммавигардонии варзиш дар ноҳияи Рашт тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроия маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ин раванд буда, ба шарофати он дар шаҳраку деҳаҳои ноҳия дастаҳои футбол таъсис ёфт. Дар ин кори хайр саҳми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия назаррас мебошад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»